Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:52

Шабдолов: Ҳолати Қирғизистон дар Тоҷикистон такрор меёбад

19 октябр 2011, 04:24

Шодӣ Шабдолов, раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон, амалишавии даъвати Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро оиди хусусигардонии корхонаи «ТАЛКО» ва ширкати «Барқи тоҷик» роҳи мустақим ба фалокат номид.


Ба гуфтаи Шабдолов дар сурати  хусусигардонии «Барқи тоҷик», ҳолати Қирғизистон, ки мардум аз кӯҳу дашт омада, ҳукуматро чаппа карданд, дар Тоҷикистон ҳам такрор хоҳад ёфт. Ӯ мегӯяд аксаран маслиҳатҳои созмонҳои байналмилалӣ ба зарари Тоҷикистонанд: «Тавсия медиҳанд, ки инро фурӯшед, онро қисм – қисм кунеду хусусӣ намоед. Дар ҳоле, ки дар худи Аврупо аксари корҳо зери назорати давлат қарор доранд. Ҳатто буҷет тибқи нақша барои 5 сола тартиб дода мешавад».

Шабдолов мӯътақид аст, ки дар сурати хусусигардонии ҷузъҳои алоҳидаи низоми энергетики кишвар, парешонӣ ба вуҷуд хоҳад омад: «Хусусӣ кардан, маънои соҳиби мулк шудан аст. Тасаввур кунед, ҷузъҳои алоҳидаи низоми энергетикиамонро, аз ҷумла хати интиқоли Ҷануб – Шимол ё нерӯгоҳи Норакро касе харида, боз ба Покистону Афғонистону дигар кишварҳо фурӯшад. Иқтисоди кишвар фалаҷ мешавад».

Шабдолов мегӯяд, тиҷорикунонии низоми энергетикӣ қобили дастгирист: «Бигзор ба се ниҳоди алоҳидаи мустақил, ки яке ба истеҳсол дигари ба интиқол ва сеюмӣ ба фурӯш машғул бошад, тақсим гардад. Аз нигоҳи идораи молию маъмурӣ мустақил бошанд, вале дар маҷмӯъ бояд зери назорати давлатӣ боқӣ монанд».

Барои назорати нархгузориҳо дар бозори энергетикӣ Шабдолов пешниҳод менамояд, ки як комиссияи махсусуси назоратӣ таъсис ёбад, ки ин таҷриба ба гуфтаи ӯ дар ҷаҳон маъмул аст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!