Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:26

Хитойиҳо ҳуқуқи меҳнатии тоҷикистониёнро поймол намекунанд?

19 октябр 2011, 04:33

Ванг Чунг Жуй, муовини директори генералии ширкати чинии «ТК – Мобайл» , изҳороти паҳншударо оиди вайрон шудани ҳуқуқи меҳнатии кормандони тоҷик дар ин ширкат беасос хонд.


Номбурда аснои сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон» гуфт: «Чун дар Тоҷикистон фаъолият карда истодаем, медонем, ки ҳамаи корамон бояд бо назардошти қонунгузории ин кишвар сурат гирад, мо инро хуб мефаҳмем.Шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҷои кор таъмин мекунем, маош медиҳем, андоз месупорем».

Ин дар ҳолест, ки прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, нисбати мудири кулли ширкати «ТК- мобайл» - Сюн Няншен, аз рӯи моддаи 363 – и Кодекси ҷиноии ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз кардааст.

Тавре аз прокуратураи ноҳияи Сино ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, Сюн Няшен дар иҷро накардани ҳалномаи суди ин ноҳия оиди барқарор кардани Ҷамшед Иброҳимов, ба ҷои кораш дар «ТК – Мобайл»  муттаҳам мекунад. Манбаи хабар изҳор дошт, ки дар назар аст, то охири моҳи ҷорӣ парванда ба суд ирсол гардад.

Суди ноҳияи Сино моҳи июни соли ҷорӣ қарор баровардаст, ки Ҷамшед Иброҳимов, собиқ муҳандиси шӯъбаи техникии «ТК – Мобайл» ба ҷои кори аввалааш барқарор шавад.

Аммо Ванг Чун Жуй мегӯяд, Иброҳимов дар асоси ба охир расидани шартномаи меҳнатиаш аз кор озод шудааст: «Аммо вақте судбозиҳо оғоз шуданд мо натавонистем, нусхаи асли шартномаро пайдо созем. Бино ба ин ҳалномаи суд ба манфиат мо нашуд. Аммо сарфи назар аз ин чун ҳалномаи суд аст, мо омодаем онро иҷро намоем».

Монеаъи иҷро нашудани ҳалномаи судро Ванг Чун Жуй худи Иброҳимовро меномад, ки сарфи назар аз дархостҳояшон ба ҷои кор дар «ТК –Мобайл» ҳозир нашудаст: « Бо вуҷуди ин мо 13 –уми октябр фармони барқарор кардани Иброҳимовро ба ҷои кори пешинааш баровардем ва вай метавонад, корашро ба ҳайси муҳандиси шӯъбаи техникии «ТК – Мобайл» давом диҳад».{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!