Бахшҳо
07 сен 2015 13:49Тоҷикистон / Сиёсат

Парвози “беспилотник”-ҳои Русия алайҳи “террористҳо” дар 40 километрии Душанбе

Вазорати мудофиаи Русия аз машқҳои муштарак бо низомиёни тоҷик алайҳи гуруҳҳои террористӣ дар куҳсори назди Душанбе иттилоъ додааст.

Ярослав Рошупкин, масъули ҳавзаи марказии низомии Русия, ки пойгоҳи 201 зертобеи он мебошад, 7 сентябр аз машқҳои муштараки нерӯҳои Тоҷикистону Русия алайҳи гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар шароити куҳсор хабар додааст, ки дар 40 километрии ҷануби Душанбе баргузор мешаванд.

Тавре расонаҳои Русия аз қавли Рошупкин иттилоъ медиҳанд, дар машқҳо, ки алайҳи гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ равона шудаанд, дастгоҳҳои парвозкунанда ё худ ба истиллоҳ “беспилотник”-ҳои навъи «Леер-2» ва «Гранат-1» истифода мешаванд.

Масъули Вазорати мудофиаи Русия гуфтааст, “беспилотник”-ҳо барои кашшофӣ ва назорат истифода бурда мешаванд: “Барои дақиқ кардани ҷои будубоши ҷинояткорон ва ҷобаҷогузории низомиён кӯмак мекунанд”.

Иттилоъ дар бораи ин машқҳо алайҳи гуруҳҳои террористӣ дар наздикии Душанбе дар ҳоле нашр мешавад, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон рӯзи сеюм аст, ки алайҳи гуруҳи генерали фирорӣ-Ҳоҷӣ Ҳалим амалиёт мегузаронанд. То ҳол тибқи иттилои расмӣ ҳудуди 56 узви ин гуруҳ боздошт ва 17 нафар кушта шудаанд.
Мӯҳр
точикистон
Худойо ба як вилояти русия табдил додаанд точикистонро

Ва хамин тавр охиста-охиста мо истиклолияти худро импотент мекунем

Ягон машқу тамрин нест, кумаки Путин аст ба неруҳои Тоҷикистон алайҳи генерал Ҳоҷӣ Ҳалим.

Беном
Бигзор ерии Росия бошад асос он ки ин хоинон несту нобуд карда шавад

кучкор
Метарсем, ки дар кухсор ин тамрини низоми ба халокати мардуми бегунохи дехот ва нобудии чорвву боготу заминхояш мерасонад

Тоҷикистон бо Русия буд, ҳаст ва мемонад. Ва Худованд ҳамеша Тоҷикистону Русияра нигаҳбон бошад.

Чобир
Путин Рахмона танхо намемонад. Лахзахои душвор ба кумак меояд. генералхо ва умуман афсарони хиёнаткорро хеч давлатдор хуш надорад.

мухочир
Худованд мусалмононро зафар дех

Правда
Кор безеб шуд россия набояд дахолат мекард акун инчо палигон мешавад дигарон бо бахонаи чанг бо россия ба кишвари мо хучум мекунанд ин як хатои сиёсии безеб шуд обруи хукумат рафт бояд худашон корро хал мекарданд кор аз кор гузашт

Ардашер
Ана акнун Амрикоро Худо дод. У хатман бо хадафхои сиёсии худ бахри нобуд кардани бесарнишинхои рус вориди Точикистон мешавад. Наход давлати мо худаш дар танхои аз ухдаи гурухи Хочи Халим набарояд? Ватанро бо ин кумаки хирсонаи шарики стратегиатон ба вайрона табдил надихед. Пайи Русияву Амрико намерасид дар ин марзу бум. Хар кучо, ки ин ду абаркудрат раванд, чанг дар он чо густариш меёбад.

Коршинос
ОН МУОВИНИ ЕВАРИ ВАЗИРИ КОРХОИ ХОРИИЧИИ ИМА РО ПЕШ КУНЕД АЗ ТОЧИКИСТОН ВАЗИЯТ,КИ НООРОМ ШУД КАДАМИ ШУМАШОНРО МЕГУЗОРАНД.ОМАДАНОШОН ДАРДИ САР!

ватандор
Худоё ватани Моро Аз Фитнахо Дур дор омин .

Салом алейкум.магар точикистон худаш аз ухдаи химояи милат буромада наметавонад?магар давоми бисту се сол мо хамин давлати заифро ташкил кардем?хато мукобилияти дохилиро хал карда наметавонад..щармандагии то индарачаям намешудагис гох мебини интернет куши гох смс кат кардан модомое ки куваи чангидан надоред пас ришу сатри одамонба чаро чурат мекунад?

СУДОБА
БАРОИ ЧИ ИСЛОМИХО МОРО ДУБОРА ГУЛОМИ РУСХО КАРДЕД.

КОМЕНТИ МАРО ГУЗОРЕД НАБОШАД............


ВАТАНДОР
Дар шароити кухсор хуб мешуд, ки макомотхои кудратии мо низ сохиби чунин дастгоххои парвозкунанда мешуданд. Чанд руз мешавад, ки як Хочи Халим тамоми мардуми ЧТ-ро хавотир намудааст. Агар чанд адад ана хамин хел дастгох медоштем Хочи Халим ё дастгир ё ба дузах фиристода мешуд. Иншоолох ки айни замон шароитхо хуб гашта истода дар солхои наздик насиб карда бошад мо хам сохиби ана хамин хел дастгох мешавем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)