Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:03

Квотаи муҳоҷирон барҳам дода мешавад

18 май 2011, 06:44

Константин Ромодановский, сарвари Хадамоти федероли муҳоҷирати Русия хостори лағви квота барои муҳоҷирини корӣ шудааст.

Бино ба гуфтаи ӯ коршиносон бар ивази квота ё ҷойбандкунӣ системаи танзимшавандаро ҷорӣ намуда, кормандони хориҷиро ба таври гусутурда барои корҳои мавсимӣ ва ё доимӣ бештар ҷалб намояд. Ҳамчунин зарурияти таҳияи барномаи ҷалби донишҷӯёни кишварҳои хориҷӣ барои меҳнати мавсимӣ бар Русияро Константин Рамадоновский иброз доштааст.

Ҷаноби Рамадоновский ҳамчунин бо пешниҳоди барҳам задании тартиби бақайдгирии муваққатии хориҷиён баромад карда, ба ҷойи он фавран додани ҳаққи зист дар кишварашро тақозо кардааст.

Ӯ гуфтааст, имрӯз барои хориҷиён дар мавриди гирифтани шаҳрвандии Русия мушкилоти зиёди идорӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои зиёду такрорӣ пешбинӣ шудааст, ки хеле нороҳаткунанда аст.

-Тартиботи додани ҳаққи зисти муваққатӣ аллакай хидмати худро адо карда, дигар як чизи нолозим шудааст. Сохтори мавҷуда фасодзада ва бесамар аст, зеро додан ва ё надодани иҷозаи зисти муваққатӣ танҳо аз нафари «пагондор» вобаста шудаасту бас - гуфтааст сарвари ХФМ.

Бино ба пешниҳоди сарвари ХФМ К. Ромодоновский ҳаққи зисти доимӣ бояд тибқи дарназрдошти донистани забони маҳаллӣ, сатҳи маълумот ва дигар шартҳои муайян сурат бигирад. Ӯ андеша дорад, ки ин тартиб нисбатан дастрасу осонтар будааст, зеро дар зарурат шартҳоро метавон ба осонӣ тағйир дод.

Бино ба маълумоти Кумитаи қонунгузори  конститутсионӣ ва сохтори давлатӣ ҳамасола ба Русия ҳудуди 3 миллион муҳоҷир ворид мегардад ва аммо танҳо барои 1,3 миллион нафар иҷозаи меҳнат ва ё квота муқаррар шудаасту бас.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!