Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:44

Боз ҳам масоили обҳои дохилӣ ва фаромарзӣ мавзӯъи баҳси навбатист

19 октябр 2011, 06:59

Масоили марбут ба об ва ҳавзаҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ дар Душанбе баррасӣ мегардад.


Тибқи иттилоъ, дар ин ҳамойиши дурӯза, ки бо ибтикори ҳукумати Тоҷикистон ва дафтари СММ доир мешавад, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дигар сохторҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд. Гуфтанист, дар ин нишаст масоили марбут ба обҳои дохилӣ ва фаромарзӣ дар минтақаи Осиёи Миёна мавриди баррасӣ қарор мегирад. Баррасии масоили муҳими ҳамкориҳо дар бахши истифода аз захоири оби минтақа аз мавзӯъҳои дигари ин ҳамоиш хоҳад буд.

Манбаъ афзуд, тайи 20 соли ахир мавзӯъи мазкур миёни кишварҳои болооб - Тоҷикистону Қирғизистон ва давлатҳои поёноб - Ӯзбакистону Туркманистону Қазоқистон аз масоили марказиву доғ маҳсуб мегардад. Мутобиқ ба низоми ягонаи тақсими об, ки аз замони шӯравӣ боқӣ мондааст, ҳудуди 48 дарсади захоири оби Осиёи Марказӣ ба Ӯзбакистону Туркманистон дода мешавад, зеро ин кишварҳо замини ҳамвору обии бештар доштанд. Ба Тоҷикистон бошад аз ин захираи об 15,5 дар сад об мерасад, ҳарчанд Тоҷикистон яке аз кишварҳои соҳиби аслии захоири оби минтақа ба шумор меояд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!