Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:19

Тоҷикон аз соҳибкорони хориҷӣ ҳарос доранд?

19 октябр 2011, 09:23

«Ягон соҳибкори тоҷик ҷиҳати ҳамкорӣ ба мо таваҷҷӯҳ зоҳир накардааст , дар ҳоле ки мо зиёд хоҳиши ҳамкорӣ карданро дорем ва омодаи роҳандозии навовариҳои гуногун дар Тоҷикистон ҳастем». Ин нуктаро Малеҳаи Муҳаммадӣ, раиси «Иттиҳодияи фарши дастбоф»-и ҷумҳурии исломии Эрон  зимни баргузории як намоишгоҳи байналмилалие дар Душанбе изҳор дошт.


Малеҳаи Муҳаммадӣ дар сӯҳбат ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, «Иттиҳодияи фарши дастбоф» ба истеҳсоли қолин машғул буда, дар он беш аз 3 ҳазор кор мекунанд. Номбурда афзӯд дар Эрон арзиши қолинҳои бофтаи онҳо аз 300-400 то 3-4 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад: «Дар тайёр кардани ин қолинҳо заҳмати  бисёр сарф мешавад. Барои як қолин ҳудуди 3 моҳ кор кардан лозим меояд. Баъдан ба фурӯш мегузорем. Арзиши қолинҳо ба ҳаҷми заҳмат барои омода кардани он вобаста аст». Зикр шуд, ки дар ин намоишгоҳ ҳудуди 54 ширкати эронӣ иштирок доранд. Намоишгоҳи мазкур то ду рӯзи дигар идома хоҳад кард. Асаналӣ Карамалиев, муовини раиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон иброз намуд, ки мақсад аз баргузории ин намоишгоҳ рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии ҷонибҳо ва ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад. Ба қавли номбурда чунин намоишгоҳҳо дар пешрафти тиҷорат ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон нақши муассир хоҳад гузошт. Дар намоишгоҳи мазкур маҳсулоти чорводорӣ ва парандапарварӣ, саноати хӯроквориву кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст. Малеҳаи Муҳаммадӣ изҳори умед кард, ки то анҷоми намоишгоҳ намояндагони ширкатҳои тоҷикистонӣ барои ҳамкорӣ муроҷиат мекунанд.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!