Бахшҳо

SOS: 35 ҳазор гектар замини Шӯрообод дар дасти афғонҳост

Дар ноҳияи Шӯрообод соли равон дар майдони 113 гектар кишти картошка гузаронидаанд.


Аммо бо иллати нарасидани об, наздик ба 50 гектари он корношоям гашта, ҳосил надод. Дар ин бора Исломшоҳ Шоев, муовини раиси ноҳияи мазкур ба хабаргузории  «Озодагон» иттилоъ дод. Шоев мегӯяд, дар ин ноҳияи баландкӯҳи кӯҳистон рӯёнидани  картошка ғайримақбул аст, вале намедонем барои чӣ дар ҳукумати вилоят маҷбур мекунанд, ки ҳамасола кишти картошка гузаронем. Ин дар ҳолест, ки аз ҳар як гектар картошка ҳамагӣ 186 сентнер ҳосил гирифта шудаасту бас. Ба қавли муовини райис, соли гузашта бошад, ҳосили картошка боз ҳам камтар буд, ҳарчанд  дар мавриди камбуд ва нарасидани об ва кам будани замини обӣ ба ҳукумати вилоят муроҷиат карда бошем ҳам, вале ҳамоно дурнамо ё худ нақшаи кишти зироатҳои кишоварзиро бе мувофиқа бо ҳукумати ноҳия тайёр мекунанд.

Зимнан, сардори идораи кишоварзии ноҳия илова кард, ки дар  ноҳия ҳамагӣ 131 гектар замини обӣ аст, вале дар дурнамои вилоят иҷборан барои 350 гектар кишти картошка пешбинӣ намудаанд. «Дар Шӯрообод картошка намешавад, гузашта аз ин, замини обӣ ҳам несту будагиаш бо иллати хушк шудани чашмаҳо, ба лалмӣ мубаддал гаштан дорад. Вале аз ҳукумати вилоят барои иҷро намудани нақшаи вилоятӣ маҷбур мекунанд, ки картошка корем», меафзояд ӯ. Таври мисол дар ҷамоати Ёл 146 гектар боғи анор хушк гаштаасту масъулин дигар қудрати баобтаъминкунӣ ва барқароркунии боғро надоранд.

Бояд гуфт, дар ҳудуди ноҳия ҷангалу боғҳои кӯҳна зиёданд, ки бо сабабҳои гуногун сокинон аз он истифода бурда наметавонанд. Танҳо замони ахир, сокинон дар мавзеъҳои Дашти Пач ва Сари Ғор беш аз 100 гектар боғро барои истифода ба ихтиёр гирифтаанд. Аммо зиёда аз 35 ҳазор гектар боғу ҷангали мамнӯъгоҳи Дашти Ҷам аз тарси афғонҳо аз ихтиёри мардуми бумӣ берун мондааст. Исломшоҳ Шоев мегӯяд, «дар ҳоли ҳозир  тибқи иттилои расида, 2 ё 3 гурӯҳи мусаллаҳи афғонҳо ҳокими ин мамнуъгоҳанду аз чарогоҳу боғзори тоҷикон беибо истифода мебаранд».{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)