Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:20

Аз моратория то барҳам додани ҳукми қатл дар Тоҷикистон

19 октябр 2011, 11:00

«Аз моратория  то барҳам додани ҳукми қатл дар Тоҷикистон: проблемаҳо ва дурнамо».


Таҳти чунин унвон фардо, 20-уми октябр дар Душанбе мизи гирд бо ширкати намояндагони ҷомеъаи байналмилалӣ, коршиносон ва ҳуқуқшиносон сурат мегирад. Ин ҳамойиш дар толори конфронсии  намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон- Бунёди ҷамъиятии «Нотабене» бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, Конфедератсияи Швейтсария ва Созмони байналмилалии ислоҳоти зиндон баргузор хоҳад шуд. Аснои нишаст масоили марбут ба барҳам додани ҳукми қатл дар Тоҷикистон, фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба таҳқиқи ҷанбаҳои иҷтимоиву ҳуқуқии барҳам додани ҳукми қатл дар соли 2010-2011,  шарҳи тавсияҳо оид ба барҳам додани ҳукми қатл дар чаҳорчӯбаи Нигориши умумидавраӣ ва фаъолияти созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҳамчунин, дар мизи гирд муаррифии сомонаи «Барҳам додани ҳукми қатл дар Тоҷикистон» сурат мегирад.

 

Гуфтанист, дар ин нишаст мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов, сарвари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Эдуард Ауэр, ҳамчунин намояндаҳои вазорату идораҳо, сафоратҳои кишварҳои аврупоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок мекунанд.

Маврид ба ёдоварист, дар Тоҷикистон аз соли 2004 моратория ба ҳукми қатл амал мекунад. Ҳамон сол тибқи қонун ба ҷои ҳукми қатл ҳабси якумра ҷорӣ карда шуд.  Новобаста ба он ки дар Тоҷикистон ҳукми қатл бароварда намешавад, ин намуди ҷазо ҳамчун  «де-юре» боқӣ мемонад. Тибқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон теъдоди ҷазое, ки барои он ҳукми олӣ бароварда мешуд, аз 16 адад то ба 5 адад – барои куштор, терроризм, таҷовуз, биотсид ва генотсид кам карда шудаанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!