Бахшҳо

Табодули молу коло миёни Тоҷикистону Туркия дар панҷ моҳ ба 280 миллион $ расидааст

Дар маҷаллаи “Interview” мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов ба нашр расид.


Дар оғози мусоҳиба дипломатии тоҷик гуфтааст, ки Туркия кишвари бузургу бостонӣ, гаҳвораи тамаддунҳо буда, дар он рангҳои аврупоӣ ва осиёӣ дар ҷабҳаҳои зеботаринашон фароҳам омадаанд. Дар мавриди фарҳангу санъат ва тарзи ҳаёт   Шарипов афзудааст: «Мардуми тоҷику турк адабиёт, санъат, арзишҳои волои маънавиро яксон ҳурмат карда, ҳаматарафа талош меварзанд, то ин муқаддасот ҳифз, рушд ва ғанӣ гардад».

Дипломати тоҷик дар идомаи посух ба саволҳо махсус иброз доштааст, ки мо  ҳамеша бо арзи сипос дар ёд дорем, ки Туркия аз аввалин кишварҳое буд, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва бо он робитаҳои самараноки иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба роҳ монд. Сафир таъкид намуд, ки Туркия яке аз шарикони асосии Тоҷикистон аз лиҳози сармоягузорӣ ва савдо мебошад, аммо   корҳои бештар бояд ба анҷом расанд, то зарфияту имкониятҳои мавҷуда дар ин соҳа ба таври муассир истифода шаванд.

Роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Анқара перомуни сатҳи рушди муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд изҳор дошт, ки сафари расмии   Эмомалӣ Раҳмон ба Туркия моҳи январи 2006 ва сафари расмии президенти Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон моҳи майи 2009, инчунин вохӯрии сарони ду давлат дар ҳошияи ҳамоиши созмони ҳамкории иқтисодӣ моҳи декабри соли 2010 ба ҳамкориҳои созандаи ҷонибҳо дар соҳаҳои мухталиф такони тоза бахшиданд.

Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон тайи 5 моҳи аввали соли равон табодули амвол миёни Тоҷикистону Туркия  280.4 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)