Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:12

Садамаи нақлиётӣ ҷони пиёдагарди 38 соларо гирифт

20 октябр 2011, 05:22

Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе пиёдагарди 38 сола ҷони худро аз даст дод.


Тавре аз раёсати бозрасии давлатии автомобили ВКД ба «Озодагон» иттиллоъ доданд, шоми дирӯз дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс» Илҳомҷон Давронови 35 сола аснои ҳаракат дар кӯчаи «Шестопалов» пиёдагард Хушбахтшо Саидшоевро пахш мекунад. Ронанда ёрии худро нарасонда аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанадва баъди як соати корҳои ҷустуҷӯӣ дастгир мешавад. Дар натиҷа ин ҳодиса ҷабрдидаи 38 сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ба иттилои манбаъ шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 5 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 1 нафар ба ҳалокат расида, 4 тани дигар бо захмҳои гуногун ба касалхона интиқол шудаанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!