Бахшҳо

Масъули Маркази исломшиносии назди Президент: “Ҳидоятҳо”-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии тундравӣ ва ифротгароӣ аст

Рустам Азизӣ, муовини раҳбари Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон пайравони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро дар ноором сохтани фазои сиёсии кишвар муттаҳам намуда, иддао кардааст, “маҳз андеша ва “ҳидоятҳо”-и Сайид Абдуллоҳи Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии тундравӣ ва ифротгароӣ дар сафҳои пайравони андешаи наҳзатӣ мебошад”.

Рустам Азизӣ дар матлабе, ки хабаргузории давлатии “Ховар” онро нашр кардааст, ҳодисаҳои ахири Тоҷикистонро баёнгари интиқоли ақидаҳои тундрав ба марҳилаи татбиқи амалӣ унвон кардааст, ки ба қавли ӯ, “дар натиҷаи кушишҳои баъзе нохалафон барои ноором кардани ҳаёти осоишта дар ҷумҳурӣ мо шоҳиди хунрезӣ ва талафоти ҷонӣ гардидем”.

Муовини раҳбари Маркази исломшиносии Тоҷикистон навишта, “таҳлили воқеаҳои охири Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат неруҳои харобкор ва аъзову ҳаводорони ҲНИТ дар ноором сохтани фазои сиёсии Тоҷикистон даст дошта, фаъолияти минбаъдаи ин ниҳодро ҳамчун ҳизби сиёсӣ зери суол мебарад. Зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб аз коршиносон ва таҳлилгарон тақозо менамояд, ки реша ва сарчашмаҳои эътиқодӣ, идеологӣ, иҷтимоӣ ва молиявии онро биомӯзанд”.

Ӯ аз исёни Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа ва маъруф ба “Ҳоҷӣ Ҳалим” ёд оварда, таъкид намудааст, ки он далели аҳамияти аз даст надодани зиракиву ҳушёрии сиёсӣ ва шинохти сарчашмаҳои интишори ақидаҳои тундрав мебошад. Ба навиштаи Азизӣ, “фаъолияти ҳар гуна гуруҳҳои тундрав, ифротгаро ва террористӣ решаҳои зеҳнӣ ва идеологӣ дорад, ки пайравонашро барои даст задан ба хушунат ва амалҳои харобиовар роҳнамоӣ мекунад”.

Дар идомаи матлаб аз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, яке аз поягузорони ҲНИТ ба унвони падари маънавии аъзо ва ҳаводорони ин ҳизб ном бурда, гуфтааст, суханрониву роҳнамоиҳои вай ба андеша ва рафтори онҳо пайваста таъсир мерасонад: “Албатта, солҳои баъд аз истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ роҳбарияти ҲНИТ кушишҳои зиёд намуданд, то барои оқои Нурӣ симои шахсияти илмӣ, равшанфикр, таҳаммулпазир ва ҳатто яке аз меъморони сулҳи тоҷикон эҷод кунанд ва бояд эътироф кунем, ки то андозае дар ин ҷода муваффақ ҳам шуданд. Вале агар бо чашми инсоф бинигарем, маҳз андеша ва “ҳидоятҳо”-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии тундравӣ ва ифротгароӣ дар сафҳои пайравони андешаи наҳзатӣ мебошад”.

Муовини раҳбари Маркази исломшиносӣ барои тақвияти ин суханҳои худ аз Маҷмӯаи суханронӣ ва навиштаҳои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки соли 2007 аз ҷониби Кумитаи ҷавонони ҲНИТ бо унвони “Он сӯи сиёсат” нашр шуд, мисол зада, муҳтавои онро “саршор аз даъватҳо ба хушунат ва хунрезӣ” гуфтааст: “Оқои Нурӣ кишвари азизу маҳбуби моро ба таври ошкор “дору-л-куфр” (кишвари куфр) ва “дору-л-ҳарб” (кишвари ҷанг) номидааст (саҳ. 190). Дар саҳифаи 198 ин китоб чунин омадааст: “Онҳое, ки феълан дар дорулкуфри Коммунист ҳастанд дар Тоҷикистон дари тавба барои онҳо боз аст ва дари ҳиҷрат низ барояшон боз аст, ки роҳ биёбанд ҳатто як рӯз ҳам дар дору-л-ҳиҷрат (яъне, Афғонистон – Р.А,) бошанд”.

Дар поёни ин матлаб гуфта мешавад, “мо боварии комил дорем, ки мақомоти дахлдор ва ниҳодҳои қудратӣ ин қабил китобҳои саршор аз даъватҳои ифротиро мамнўъ эълон намуда, онро аз дасти аъзои феълӣ ва собиқи ҲНИТ мусодира менамоянд”.

Нашри матлаби як мақоми баланди Маркази исломшиносии назди Президент дар ҳолест, ки рӯзи 17 сентябр Додситонии кулл Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ-ро дар ҳамдастӣ бо генерали фирорӣ -- Абдуҳалим Назарзода муттаҳам карда, аз боздошти 13 узви Раёсати олии ҲНИТ бо ҳамин ҷурм хабар дод.
Мӯҳр
хатлони
Хайфу сад хайб ба ин донишу ба ин тахлил сад хайфи хамон курсие ки шумо нишастаед одами солим аз тахлили шумо дар таачуб мемонад ки наход муовини маркази исломшиносии назди президент чунин сухан гуяд нури агар ифротгаро мебуд сулх намекард рахбари Толибон мулло Умар аз нури хоста буд бо онхо якчоя шавад аммо Нури хамеша аз сулху ободиву пешрафт сухбат мекард чаро ин маркази исломшиноси махз дар хамин шабу руз ин суханони бемантикро мегуяд зеро дигар айб намеёбанд то хизбро сиех кунанд е камехам бошад шарм кунед

Агар ифротгарои бошад то инруз дар куцо буди окои Исломшинос? Илтимос бийоед муттахид шавем ба нафси хамдигар нарасем ватана обод кунем

shukona
Nuri shumoro ba takht ovard Shumo khubi nuriro faro mush nakuned Abdullo Nuri agar andeshai if tori medosht Bo shumo sulh namekard khohish mekunam to in had berahm nashaved Agar Nuri sulh namekard Zinda na buded bahshish da muhtaram aziz

nabi farhor
Рустам Азизи,он кадар кордон ва сиёсатмадор будед,чаро зудтар рохи ин хизбро нагирифтед,то ин дарача омада намерасид.Ё сари рохи М.Кабири ро низ мегирифтед,то фирор накунад.Барои мо шахрвандон кадом хизб фаъол аст,фарке надорад.Давлати тинч осуда ва пешрафтро мехохем.Дуо мекунем Точикистон и азизи мо яке аз давлатхои пешрафти чахон гардад.

Умар
То дируз чанобатон мегуфт яке аз шахсоне ки ба точикистон сулх овардааст С.А.Нури мебошад боз бо у даст мефишорад шумо яккаме шарм доред алакай мардум медонад ки хамаи ин бози аст шумо бо хизб не бо ислом мубориза бурдаистодаенд инро донед ки сохиби ин дин Аллох аст

салим
Ачиб ин марказ дунболи чи бошад факат хнит- ро бояд тахкик кард , ххдт як маротиба аз тахкикот гузаронед анхохам даьвои мусалмони доранд.

..Suratash nest-mi in strategro.In kas boz az hama durtar raftand.

Умар
То дируз ин Хочи Халими мегуфтагиатон генерал буд имруз ки бар зиди шумо хест одами Кабири шуд мисли палковник омонки ки ба Сурия рафт баъдан ба у девона гуфтед илтимос яккаме шарм доред намедонам боз фардо ё пасфардо ки одами ки мешавад бовар кунед шумо аз кинои хомиёнда гузарондед хахахв

Kulobi
Agar marhum ustod Nuri jang mexost sulh namekard... yakbor ba fakt nigoh kuned ki bo 30% rozi shudandu jangro idoma nadodand on 30 % ham baroi amali kardani ormonhoi mardum ki 1-2 sol naguzashta shumo da dastarxoni sulh tuf kardedu zidi sozishnoma raftor karded... OZODAGON !!!

Хусайн н
Окой Азизи бисиёр хулоса ва тахлили бе маьне , вай китоб ё суханронихо дар замони чанг буд , ин тахлилтон бе чавоб намемона иншоло , шахси устод нури гамхор ва хидматгузори мардум будан , намедонам шумо то чи хад хидмати мардум кардаед, илтимос ба хама шахси устод нуриро чаноби Оли сахт эхтиром мекунад , вале ин азизихо факат мехохан бо хар рох худширини кунан , андеша кунед дустон , илтимос чоп кунед

Устод Нури рахматуллохи ъалайхи яке аз бунёнгузори асосии сулху вахдат буданд хастанд ва хохад монд Иншоаллоху Таъоло.
Инро шумо мехохед ё намехохед мардум медонанд.

кулябец
Монед Нури ё дигарашро !! Бо нафси хеш чиход кунем ва нафсамонро кушта фарзандонро тарбияи миллатдусти ва исломи дихем ки махалгарои накунанд ! Ватани мо имруз мухточи ватандустон хаст на хунрезону порахурон.

99
Ба ростӣ, аз ҳад гузаронидед!!!
Монед, ором шавем. Мардум аз чунин таҳлилҳои пучу бемаънӣ хаста шуданд! Якеи шумо ҳам олим нестед! Шахсан ман ҳам намедонистам, ки ту кистӣ. Ифротгароӣ ана ҳамин коре, ки шумо мекунед, ҳамин аст. Шумо мардумро мешуронед, ба ғазаб меоред. Ягон гапатон асос надорад ва ба ҳам намечаспад. Бас аст. бас!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Mansab
Agar mansab bkhohi navistan bgiiiiiiii.... Yaki yagon ruz JO mansubut metan.....

Авлие
Ин амал шаголеро аз мултфильми "Маугли " ба ед меорад.Ба чои ба сулху субот даъват намудан тафрикаандози чи лозим???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)