Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:37

Алӣ Лориҷонӣ бо райиси парлумон ва президенти Тоҷикистон мулоқот мекунад

20 октябр 2011, 08:54

Алӣ Лориҷонӣ, райиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон баъд аз зӯҳри имрӯз ба Душанбе меояд.


Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Муҳамадато Султонов ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, сафари доктор Лориҷонӣ дар доираи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ сурат гирифта, меҳмони олиқадрро сараввал Шукурҷон Зуҳуров, райиси МН ба ҳузур хоҳад пазируфт.Зимнан, мулоқоти ӯ бо гурӯҳи дӯстии парлумонҳои Тоҷикистону Эрон низ дар назар аст.

Манбаъ афзуд,  фардо 21 октябри Алӣ Лориҷонӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷӣ, Ҳамрохон Зарифӣ воҳӯрда, ҳамчунин дар назди устодон ва донишҷӯёни ДМТ суханронӣ хоҳад кард.Дар нақшаи сафари Алӣ Лориҷонӣ ташрифу дидорбинӣ аз АУ- институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, осорхонаи бостоншиносии институти таърих, утоқи Эрон дар донишгоҳи давлатии тиббӣ ва осорхонаи ба номи Беҳзод низ ворид гардидааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!