Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:06

Кӯлоб: Шабакаҳои барқӣ дар минтақа мушкиле надоранд

20 октябр 2011, 08:57

Кормандони ҶСК «Шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб» барои зимистонгузаронӣ омодагии пурра дидаанд.


Ба иттилои Мирзо Исмоилов, роҳбари ин ҷамъият, барои таъмири асосӣ ва ҷорӣ ба маблағи беш аз 2-миллиону 275 ҳазор сомонӣ корҳои таъмирӣ ва барқароркунӣ гузаронида  шуд. Бино ба иттилои манбаъ, то ин муддат 3600 изоляторҳои барқии пастшиддат, 334-адад ҷудокунак ва васлаки автоматӣ дар зеристгоҳҳои барқдиҳанда, наздики 30 тонна сими барқгузаранда, 15 тонна равғани трансформатор, 880 изолятори хати барқи баландшиддат, ки корношоям гашта буданд, аз нав карда шуданд. Ҳамчунин, 198 адад симчӯбҳои барқӣ, ки пӯсидаву корношоям гашта буданд, аз нав барқарор гардиданд, дар хати барқии баландшиддати 35 кВт траверси оҳанин иваз карда шуд.

Ба гуфти Исмоилов,  корҳои таъмирию барқароркунӣ дар навоҳии минтақа барои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, аҳолии минтақа дар фасли сармо ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ нахоҳанд гашт.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!