Бахшҳо

Мақомот: Яхпора болои хонаи Эргашевҳо аз ҳавопаймо ғалтидааст (АКСУ ВИДЕО)

Мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд яхпораи калон болои хонаи Эргашевҳо дар шаҳраки Ғафуров аз ҳавопаймо ғалтидааст.

Ба иттилои мусоҳиби “Озодагон” хонаи Эргашевҳо дар наздикии фурудгоҳ қарор дорад ва ҳавопаймоҳо аз болои хонаашон мегузаранд.

Бароат Эргашева, соҳиби ин манзил, ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, субҳи барвақти 29-уми сентябр, тахминан соати 04:00, пораи яхи тақрибан 40 килогӣ аз осмон ба даромадгоҳи ҳавлиаш афтодааст: «Саҳар буд. Хоб будем, ки ногаҳон садои баланди гўшхарош расид ва бо шавҳарам даррав хеста бинем, дар болои мошинамон яхи калоне афтодааст, ки ҳам боми хонаву мошинамонро вайрон кард».

Хонум Эргашева афзуд, ки ҳоло кормандони мақомоти дахлдор барои санҷиш яхпораро бо худ бурдаанд, вале натиҷаи дақиқеро ҳанӯз нагуфтаанд, ки ях аз куҷо пайдо шудааст. Соҳибхоназан таъкид кард, ки ин яхпора болопўши хонаву нақлиёти тамғаи «Lada»-ашонро хароб кардааст ва ӯ ҳанӯз намедонад, ки ҷуброни зарарро аз кӣ талаб кунад.




Мақомот: Яхпора болои хонаи Эргашевҳо аз ҳавопаймо ғалтидааст (АКСУ ВИДЕО)

Мақомот: Яхпора болои хонаи Эргашевҳо аз ҳавопаймо ғалтидааст (АКСУ ВИДЕО)

Мақомот: Яхпора болои хонаи Эргашевҳо аз ҳавопаймо ғалтидааст (АКСУ ВИДЕО)
Мӯҳр
Ба фикрам ин яхпора хам аъзои ХНИТ

Точик
Чубронашро аз Худованд талаб кунед...

.
Летчика судба титон.

амин
Зарарашро ки медода бошад?

Хонанда
Макомотхои Худамон дигар натичаи ТАшхис надоранд дустам, агар ин дар давлати Хорича мешуд хамаашро дакик карда медоданд, Худ казоват кунед ин кадар ях дар самалёт аз кучо меояд ва хар шишту хезашда тафтишаш мекунанд баъд барои пароз ичозат медиханд, надех Яхро ба макомот, монедаш бо нархи гарон мефурушиш дар интернет барор аксхояшро аз хорича омада мебаранд, ин Ачобот хаст дустам

якум ин ки маблагашро аз Худованд талаб кунед, дуюм як табак нони худои карда дар ягон ятимхона бурда дихед, сеюм якпора аз самолет афтиданаш аз эхтимол дур нест, зеро, ки дар баландии 10 хазор метр хаво хунукияш аз 50 дарача мегузарад ва метавонад дар чои чарххои самолет ях пайдо шавад.. ба хар хол кори хайрро зиедтар кунед...

Аз ҳеҷ кас. Агар аз ҳавопаймо афтида бошад, хотиратонро ҷамъ кунеду аз пайи таъмири дарвозахонатон шавед. Ширкати ҳавопаймоӣ дар ТҶ давлатӣ аст... Он тарафашро худатон фаҳмед.

Эҳтимоли дигар ҳам ҳаст. Ягон ҳавопаймое, ки дар ҳамон соату дақиқа аз фарози Хуҷанд парвоз карда гузашта, ягон резервуари обашро (масалан, туалет, ошхона) холӣ кард. Он об дар бададии 9 ё 10 ҳазор метр фавран ба ях мубаддал мешавад. Ин албатта тахмин аст. Аниқтараш, он об аллакай дар ҳолати ях ба поён партофта шудааст. Муайян намудани ҳавопаймо душвор нест. Ҷадвали парвозҳои байналмилалӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд бояд бошад. Бинанд, зуд он ҳавопаймои авбошро пайдо мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)