Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:44

Тими «Истиқлол» дастаи «Энергетик»-ро шикаст дода натавонист

20 октябр 2011, 10:18

Бозиҳои аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2011 ба анҷом расиданд.


Тавре аз маркази матбуоти ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ин сабқат дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт бо тими "Энергетик»-и Душанбе қувваозмоӣ намуд. Ин бозӣ бо ҳисоби 3 бар 3 анҷом ёфт. Бозии дигари ниманиҳоӣ миёни дастаҳои «Вахш»-и Қурғонтеппа ва «Регар»-и Турсунзода дар варзишгоҳи «Пахтакор» сурат пазируфт, ки бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи дастаи мизбон анҷом ёфт. Бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 22-юми октябр баргузор мегарданд, ки ин навбат дастаи «Энергетик» бо тими «Истиқлол» вомехӯрад, дастаи «Регар ТадАЗ» бо дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ба майдон мебароянд. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2011 рузи 26-уми октябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа барпо мегардад.

Гуфта мешавад, ки бо сабаби гузаронидани бозиҳои ҷом бозии дастаҳои «Гвардия»-«Вахш», «Энергетик»-«Регар ТадАЗ» ва «Истиқлол»-«Шодмон» мавқуф гузошта шуд. Сарчашма ҳамчунин иттилоъ дод, ки ду бозии чемпионати Тоҷикистон баргузор гардид,   ССКА «Помир» бо «Хайр» рақобат намуда, бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст хӯрд. Дар бозии дуюм бошад, дастаи «Парвоз» бо «Хуҷанд» ба майдон баромада бо ҳисоби 3 бар 1 ғолиб омад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!