Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:46

Амирқул Азимов дар курсии вакили парлумон

18 май 2011, 09:33

Амирқул Азимов, вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи якмандатии Сино рақами 4 интихоб гардидааст, аз ин рӯ ба қайд гирифта шуда, ваколаташ тасдиқ карда шавад.

Дар ин бора имрӯз комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон қарори марбутаро ба имзо расонид. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дастгоҳи марказии КМИР иттилоъ доданд,  мутобиқи ҷамъбасти натиҷаҳои интихобот дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Сино №4 аз 68 266 нафар интихобкунандагон 55 207 ё ки 81%  иштирок намуда, ба тарафдории Азимов А.Н.  35 162  нафар, ё ки  62,89 дарсад, ба Манонов С.Т.  5 534  нафар ё ки  9,9%, ба Мирзоев М.Б.  4 243 нафар  ё ки 7,59%, ба Саидов Т.Б.  8 942 нафар ё ки 15,99 фойизи интихобкунандагон раъй додаанд.

Ёдрас менамоем, дар интихоботи миёнадаврии ҳавзаи Сино № 4, ки рӯзи 15-уми май баргузор  гардид, чор довталаб барои курсии вакили МН байни ҳам сабқат карданд. Инҳо, котиби шӯрои Амнияти ҶТ Амирқул Азимов аз ҲХДТ, Музаффар Мирзоев аз ҳизби аграрӣ, Сафарбек Маннонову Толибшоҳи Сайидзода (Саидов) тариқи худпешбарӣ буданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!