Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:58

Генерали афғон: Гоҳ-гоҳ аз Афғонистон ба Тоҷикистон маводи нашъа қочоқ мешавад

20 октябр 2011, 10:59

Ман радд намекунам, ки Афғонистонро кишвари кишткунанда ва  тавлиди қоҷоқ номбар мекунанд.


Дар ин бора Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, муовини аввали вазири умури дохилаи давлати исломии Афғонистон, ки бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, иброз дошт. Ба гуфти ӯ, тайи беш аз сӣ соли ахир Афғонистон таҳти таъсири низоъ ва ҷангҳои мудавом қарор дошта, ҳоло ҳам яке аз кишварҳои тавлидкунандаи маводи мухаддир аст.

Генерали афғон афзуд, бештар аз 20 вилояти Афғонистон барои кишт, тавлиди қоҷоқ ва тиҷорати он шароит омода сохтааст ва дар он манотиқ алайҳи қочоқчиён иқдомҳое пиёда мегардад. “Баъзе вақтҳо каму беш  аз ҷунубу шарқии Афғонистон  ба кишвари дӯст- Тоҷикистон низ нашъа мунтақил мешавад, мушкили аслӣ ин аст, ки вулусволии Бадахшони Афғонистон бисёр вилояти мушкилгузар буда, кӯҳҳои баланд дорад, ҳамчунин роҳҳои муосири пайваст бо маркази кишвар надорад, аз ин рӯ ғайриқобили назорат аст”-гуфт ҷаноби Аҳмадӣ.

Маврид ба ёдоварист, имрӯз дар агентии назорати маводи нашъаовари  Тоҷикистон маросими имзо намудани  протокол “Дар бораи ҳамкориҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо байни ВКД ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва АНМН”  баргузор гардид. Санади мазкурро директори агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров ва Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурии Исломии Афғонистон имзо карданд. Ин ҳуҷҷат идомаи муоҳадаҳое мебошад, ки ҳамкориҳои ниҳодҳои қудратии ду кишварро дар мубориза ба муқобили муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир таҳқим мебахшад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!