Бахшҳо
02 окт 2015 16:30Тоҷикистон / Иқтисодӣ

“TeliaSonera”: Тасмими мо ҳеч рабте ба вазъи Тоҷикистон надорад

Миндаугас Убартас, мудири кулли ширкати “Тcell” ва Эрик Ҳалберг, раҳбари минтақаи АвруОсиёии “TeliaSonera”, ки бо як сафар ба Тоҷикистон омадаанд, дар суҳбат бо хабарнигорони “Озодагон” ва “Азия плюс” тасмими тарк кардани бозори мухобиротии Тоҷикистонро шарҳ доданд.


Суол: Аз мақсади сафар ва натиҷаҳои он бигӯед?

- Мо ҳамеша талош мекунем, ба сармоягузории худ наздик бошем. Сармоягузориҳои худро ҳамеша назорат мекунем, ки то кадом андоза муваффақ анҷом мешавад ва рушд мекунад. Бо тими кории худ, ки аз кормандони маҳаллӣ иборат аст, муносибати наздик дорем ва суолҳои мушаххасро ҳаллу фасл мекунем. Ҳоло дар ин сафар ҳам аз саволҳое, ки дар гузашта ҳаллу фасл шуданд, натиҷагирӣ мекунем.

Суол: Чаро тасмим гирифтед, ки Тоҷикистонро тарк намоед?

- Мехоҳам аз охири дигар сар кунам. Мо дар давоми чанд сол дар рушди фанновариҳои гуногун ба мисли 3G ва 4G сармоягузорӣ кардем ва пешравии хеле хубро мебинем. Метавон гуфт, ки сармоягузориҳои мо дар ин бозор натиҷаи хуб медиҳад. Ба ҳайси сармоягузор тасмим гирифтем, ки натанҳо Тоҷикисон, балки ҳафт кишвари минтақаи АвруОсиёро тарк кунем. Ин тасмим ба кишвар ва фазои тиҷоратии он ҳеч рабте надорад. Ҳатто, баръакс ҳам аст. Мо мебинем, ки Тоҷикистон аз зарфиятҳои бой бархурдор аст, ҳарчанд чолишҳое ҳам вуҷуд доранд. Бо ин тасмими ахирамон танҳо соҳиби қисме аз саҳмияҳо тағйир меёбад. Дар ширкати инҷо чизе тағйир намехӯрад. Ин интихоби беҳтарини муштариён боқӣ мемонад. Мо ин ҷо як тими роҳбарикунандаи хеле қавӣ дорем. Мо то он замоне, ки сармоягузор боқӣ мемонем, ин тимро дастгирӣ мекунем. Инчунин тасмимҳои сармоягузорӣ ва бозориро дастгирӣ менамоем. Масъала ин ҷост, ки аз ҷониби раҳбарият тасмим гирифта шуд, ки тамаркуз рӯи кор дар кишварҳои Скандинавия ва Балтика шавад.

Суол: Харидори эҳтимолии саҳмияҳо пайдо шудааст?

- Мо то ҳол танҳо аз тасмими худ иттилоъ додаем. Ба ин тартиб, харидори бозарфият метавонад алоқамандии худро эълон кунад. Дар сурати пайдо шудани иттилои бештар мо ба ин мавзӯъ хоҳем баргашт.

Суол: Оё дар ин замина гуфтугӯҳое сурат гирифтаанд?

- На, дар ин маврид чизе шурӯъ нашудааст.

Суол: Шумо гуфтед, ки дар фазои сармоягузории Тоҷикистон мушкилиҳое ҳастанд. Метавонед чанде аз онҳоро баршуморед?

- Нагуфтам, мушкилиҳо, балки чолишҳое вуҷуд доранд ва фикр мекунам, ки шумо ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон аз ман беҳтар медонед.

Суол: Вале Шумо ба ҳайси сармоягузор бояд аз мо хубтар огоҳ бошед.

- Ман фикр мекунам, ки ҳамаи кишварҳо марҳилаҳои муайянро паси сар мекунанд. Бархе аз онҳо он марҳиларо ба соддагӣ ва бархеи дигар бо мушкилӣ паси сар мекунанд. Аммо, мехоҳам бигӯям, ки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон тавсеи мусбат сурат мегирад ва мехоҳам шуморо боварманд бикунам, ки Тоҷикистон ҳам ба тавсеаи мусбат даст меёбад.

Суол: Раванди рушди феълиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Хеле суоли нозук аст. Мо бар ин назарем, ки ҳар кишвар бояд масоли дохилии худро ба таври мустақил ҳал кунад. Мо ҳамарӯза раванди авзоъро дар Тоҷикистон мониторинг ва пайгирӣ мекунем. Вале мехоҳам бигӯям, ки тасмими мо ҳеч рабте ба вазъи Тоҷикистон надорад. Мо танҳо тамаркузи кори худро ба кишварҳои дигар мекунем, ки онҷо гуруҳи “TeliaSonera” кор мекунад.

Суол: Оё ин тасмими Шумо ба қазияҳои ахири дар Узбакистон бо Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури ин кишвар рабт надорад?

- Шумо метавонед бо иттилоияи мо шинос шавед. Онҷо гуфта шудааст, ки “TeliaSonera” ҳақ дорад дар ҳамаи бозорҳои рӯ ба рушд кор кунад. Ин тасмим метавонад ҳар замон гирифта шавад. Аммо ман бори дигар мегӯям, ки ин тасмими мо ба вазъе, ки шумо гуфтед, ҳеч рабте надорад.

Суол: Дар Тоҷикистон ҳар замон сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баста мешаванд. Назари Шумо ба ин раванд чӣ аст ва оё ин чиз ба даромади ширкати Шумо таъсир дорад?

- Тасъир аввалан ба корбарони интернет мерасад. Онҳо дастрасии камтаре ба иттилоъ хоҳанд дошт, ки мо аз ин нигарон ҳастем, зеро ки дастрасӣ ба иттилоъ ҳаққи онҳо аст. Албатта, ин чиз ба даромади мо ҳам таъир мерасонад, чаро ки мардум хизматгузориҳои моро истифода бурда наметавонанд. Аммо ин чиз ба тасмими мо рабт надорад. Шабакаҳои интернетӣ дар рушди ҷомеа хеле муҳиманд. Онҳо барои тавсеаи расонаҳо нақш ва зарфияти калон доранд. Ба ин тартиб, мо муштариёни худро аз роҳҳои беҳтарин пуштибонӣ мекунем.

Суол: Вақте ки шабакаҳои иҷтимоӣ баста мешаванд ва ё фиристодани паём қатъ мешавад, чаро муштариёнро қаблан огоҳ намекунанд? Масъулони ширкат ҳамеша сабабҳои (техникӣ) фанниро пеш меоранд.

- Мо дар як кишвар зиндагӣ мекунем ва кишвар худ як ҷомеа аст. Ҷомеа қонунҳои худро дорад, ки амал мекунанд. Ман ба ҳайси раҳбари ширкат бояд ин қонунҳоро риоят бикунам. Ҳаққи дастрасӣ ба иттилоъ ва озодии баён дар ин кишвар аз ҷониби ҷомеае танзим мешавад, ки дар интихоботҳои парлумонӣ раъй додааст ва он парлумон аст, ки қонунҳоро қабул мекунад. Мо ҳамчун як ширкат шадидан аз рӯи қонунҳои маҳаллӣ амал мекунем.

Суол: Вале суол инҷост, ки “кол сентр” ё масъулони равобит бо ҷомеа дар бораи ин чиз муштариёни худро огоҳ намекунанд. Онҳо ҳеч вақт ба қонунгузорӣ такя намекунанд. Танҳо “бо сабабҳои техникӣ” мегӯянд.

- Агар одаме мебуд, ки ояндаро пешгӯӣ мекард, пас дар он вақт мо ҳеч гуна мушкил намедоштем. Мо ояндаро пешбинӣ карда наметавонем. Мо ҳеч вақт ба сабабҳои техникӣ такя намекунем, агар воқеан сабабҳои техникӣ набошанд.

Суол: Пас мо метавонем бигӯем, ки ин бо дастури ҳукумат аст?

- Дар як сол 365 рӯз аст ва мо 99.9 дарсади ин вақт дар хидматем. Мо талош ва сармоягузориҳои зиёд мекунем, ки интернет дар ҳолати корӣ бошад. Аз шумо мехоҳам, ки ба ин 0.1 фоиз тамаркуз накунед. Мехостам бигӯям, ки зимистон дар роҳ аст ва дар ин мавсим камбуди барқро хоҳем дошт. Мо ҳамроҳ бо сармоягузорҳои худ тамоми талошамонр мекунем, ки хадамотҳои худро дар минтақаҳои куҳӣ аз сӯзишворӣ таъмин кунем. Мо ҳатто ангиш ва ҳезум мехарем, ки мардум дар минтақаҳои куҳӣ тавонанд хизматрасониҳои моро дар ҳолати корӣ нигоҳ доранд. Суоли шуморо дар мавриди қатъ шудани хизматрасонии “СМС” дарк мекунам, вале шумо бояд қонунгузориҳои ин кишварро низ бихонед ва риоя кунед.

Суол: Вале чаро масдуд шудани фиристодани паём ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар вақтҳои мушаххас сурат мегирад. Хусусан, замони амалиёти ҳарбӣ?

- Мехоҳам мавзӯъро каме тағйир бидиҳам. Интернет қаблан ба ин кишвар танҳо аз тариқи Узбакистон меомад. Ҳоло мо интернетро аз се роҳ мегирем. Ҳоло гирифтани интернет аз Чинро баррасӣ мекунем. Тамоми талош мо ин аст, ки интернетро дар ҳама вақт фароҳам кунем. Мо мехоҳем, ки Тоҷикистон на охири интернет, балки маркази интернет бошад.

Суол: Ширкати “TeliaSonera”-и Шветсияро ба он мутаҳҳам мекарданд, ки низомҳои худкомаро дастгирӣ мекунад ва бо дастури онҳо суҳбати телефонии мухолифонро гӯш мекунанд. Шарҳи Шумо ба ин чӣ аст?

- Ман ин чизро намедонам. Ман бовар дорам, ки озодии баён ҳаққи ҳар одам аст. Мо ҳамеша дар доираи қонунҳои бозорҳои худ, аз ҷумла Тоҷикистон кор мекунем. Ширкати мо инчунин талош мекунад, ки дар рушди ҷомеаи боз саҳми мусбат дошта бошад. Телекомуникатсия як сохтори хеле муҳим аст, ки ҳукумат гоҳ-гоҳе ба он дахолат мекунад. Ин чиз аз рӯи қонунҳои маҳаллӣ танзим шудааст.

Суол: Гуфта мешавад, ки хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз ширкатҳои мобилӣ хостааст дар биноҳое, ки аз тарафи ин идора сохта мешаванд, саҳми молӣ бигузоранд. То кадом андоза ин чиз дуруст аст ва оё дар кишварҳои дигар ҳам чунин таҷриба аст?

- Ин як овоза аст ва шарҳ намехоҳад. Мо дар рушди зерсохторҳо ва хизматрасониҳои худ сармоягузорӣ мекунем ва қонунҳои андозсупориро риоят мекунем.

Суол: Муштариёни “Tcell” ҳамеша аз дуздидани интернети худ шикоят мекунанд. Дар саҳифаи фейсбуки ширкати Шумо ҳам баъзан муштариён менавиштанд. Назари Шумо чӣ аст?

- Мо дар омӯзондани муштариёни худ бештар кор хоҳем кард. Интернет чӣ аст ва дастгоҳҳои марбут ба он? Онҳо чӣ ва чигуна кор мекунанд? Замоне, ки аввалин “смартфон” сохта шуд, ин мушкилӣ дар тамоми ҷаҳон вуҷуд дошт. Смартфонҳо имкон доранд, ки бидуни иҷозаи соҳиби телефон ба интерет дархост фиристанд. Онҳо барномаҳои худро нав мекунанд ва баъзе барномаҳоро аз интернет мегиранд. Ҳамин тавр, соҳиби телефон фикр мекунад, ки интернетро истифода намебарад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)