Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:37

Соҳибкорони фаронсавӣ ба равғани герани Тоҷикистон таваҷҷӯҳ доранд

21 октябр 2011, 03:20

Франсис Петре, соҳибкори фаронсавӣ, зимни як мулоқоташ дар Душанбе бо Давлаталӣ Саидов, раиси кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ,иқтидору имкониятҳои соҳаи гиёҳпарварии Тоҷикистонро хуб арзёбӣ намуд.


Номбурда пешниҳод кард, ки барои рушди ин соҳа ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни соҳибкорони Тоҷикистон  ва давлатҳои Аврупову ИМА, ки талабот ва бозори хуби гиёҳҳпарвариро доро мебошанд, лозим аст. Тавре аз кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ҷаноби Петре, зимни ин ҳамоиш бештар ба рушди соҳаи истеҳсоли равғани геран таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст. Дар вохурии мазкур, асосан масъалаи рушди соҳаи агробизнес, алалхусус самти гиёҳпарварӣ ва коркарди гиёҳҳои хушбӯй мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарчашмаи хабар иттилоъ медиҳад, ки Давлаталӣ Саидов дар ин нишаст қайд намуд, ки дар Тоҷикистон дар соҳаи гиёҳпарварӣ имкониятҳои зиёде мавҷуд мебошанд ва қонунгузории кишвар дар самти сармоягузорӣ ва пешбурди тиҷорат дар мамлакат барои сармоягузорон фазои мусоидро фароҳам овардааст: « Баҳри рушди босуботи соҳа зарурати ҷалби сармоягузории мустақим ба миён меояд».  Франсис Петре бошад, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн ҷиҳати ҷалби сармояи давлатҳои Аврупо ва ИМА  омодагии комили муштаракро иброз намуд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!