Бахшҳо

Шореҳони варзиш: Бозигарони қирғиз нисбат ба футболбозони тоҷик бартарӣ доранд

Мунтахаби футболи Тоҷикистон барои иштирок дар сабқати интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2018 шаби гузашта вориди Бишкек, пойтахти Қирғизистон шуд.

Бозии яккачини Тоҷикистон бо Қирғизистон қарор аст рӯзи 8 октябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзаков баргузор шавад. Хабарнигорони риштаи варзиш дар мавриди ин рақобат назарҳои мухталиф доранд. Журналист Ҳайдар Шодиев дар суҳбат ба бахши русии “Озодагон” гуфтааст, омодагиҳои ҳарду даста баробар аст, аммо аз ин ки бозигарони Тоҷикистон дар сафар қарор доранд, эҳтимол қирғизҳо бартарӣ нишон бидиҳанд: “Фикр мекунам ҳисоби бозӣ баробар -- 2:2 хотима меёбад”.

Ибодулло Тоиров, журналисти дигари риштаи варзиш ҳам мегӯяд, бо назардошти нишондодҳои ахири бозиҳои Қирғизистон бартарӣ насиби мизбонҳо мешавад. Ба гуфти ӯ, бозиҳои соли қаблии яккачини Тоҷикистон нишон дод, ки омодагии ҷиддӣ барои мунтахаби мо лозим аст. Оқои Тоиров мушкили асосии мунтахаби Тоҷикистонро як муддат бесармураббӣ мондани даста ва қисми зиёди дастаро ташкил кардани бозингарони тими “Истиқлол” унвон карда гуфт, “мо шоҳиди бозии ин даста бо Кувайт шудем. Дар ин рақобат Тоҷикистон бо ҳисоби калон бохт ва ин нишондодҳоро мухлисон қабл аз бозӣ дар расонаҳои иҷтимоӣ пешгӯӣ карда буданд”.

Бо вуҷуд номбурда мегӯяд, варзишро пешгӯӣ кардан бисёр душвор аст: “Аммо фикр мекунам Тоҷикистон дар ин бозӣ бо бохт рӯбарғ мешавад”.
Ба андешаи Самариддин Асоев, пирӯзӣ дар ин дидор нисиби Тоҷикистон хоҳад буд. Бино ба пешгӯии ӯ, ҳисоби бозӣ 3:1 ба фоидаи Тоҷикистон хотима меёбад. Нури Наср бошад, бар ин андеша аст, ки “ агар ин бозӣ панҷ сол қабл баргузор мегардид, мегуфтам, ки ғолибият насиби мо хоҳад гашт. Вале бо тамошои ду бозии ахири тими Қирғизистон ҳаминро гуфта метавонам, ки ин алакай сатҳи дигар аст. Бинобар ҳамин бартарии бештарро онҳо соҳибанд”.

Ӯ афзуд, “дақиқ гуфта наметавонам, ки бозӣ чигуна хотима меёбад. Мумкин мусовӣ анҷом ёбад”.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ -- Мубин Эргашев 22 бозингар шомиланд. Дарвозабонҳо: Алишер Туйчиев, Қурбоналӣ Бобоев, Алишер Додов; Ҳимоятгарон: Фарҳод Восиев, Давронҷон Эргашев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Ҳасан Рустамов, Манучеҳр Аҳмадов, Далерҷон Тухтасунов; Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Ҷаҳонгир Алиев, Дилшод Восиев, Нозим Бобоҷонов; Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Комил Саидов, Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров;
Мӯҳр
Хадман бози ба фои даи мо. Хохад буд

шахрванд
Бафикрам дастаи мунтахаб танхо барои Истиклол нест.Мухтарам сармурабби метавонед ба дигар нохияхо сафар кунед бозихои лигаи якумро хам тамошо кунед агар фикри обуруи дастаи мунтахабро хохед бозингархои хубро пайдо мекунед

шахрванд
Озоди бахудо ки озод нести.Коментора чоп намени

Илхом
Аз президенти ФФТ хохиш дорам барои ноодилона рафтор намудани довари эрони Бунёдфар ва ёваронаш ба FIFA шикоят кунад. Ба бозии Киргизистон-Точикистон 4 дакика илова намуд ва то 97 дакика бози кашол ёфт. Пеналти хам аз руи коида набуд. Бозингари мо ба болои у парида ба замин афтод ва хариф худро ба замин партофт. Ман хурсанд будам ки тими футболи кишвар бо пирузи ба ватан бармегардад аммо довари тарсуи эрони Бунёдфар то гол задани Киргизхо интизор шуд онхо натавонистанд гол зананд у мачбур шуд бо бахонае пеналти таъин кунад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)