Бахшҳо

Даъвати Абдуллозода аз ҷавонон: Нисбати забон эҳтироми хосса дошта бошед

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон аз ҷавонони кишвар даъват кардааст, нисбат ба забони модарӣ эҳтироми хосса дошта бошанд. Ин нуктаро Аҳтам Абдуллозода зимни як чорабинӣ бо ширкати донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, иброз доштааст.

Наврӯз Қурбонов, масъули бахши иттилоотии кумита ба “Озодагон” гуфт, Абдуллозода дар суҳбат бо ҷавонон нақши забонро дар таҳкими давлатдорӣ муҳим арзёбӣ карда, таъкид доштааст, яке аз рукнҳои асосии давлатдориро забон ташкил медиҳад.

Аҳтам Абдуллозода қайд намудааст, имрӯз забони давлатӣ ба меҳрубонӣ ниёз дорад аз ин рӯ, ҷавонон нисбат ба забон эҳтироми хосса зоҳир карда, вориси ин забони бою ғанӣ бошанд: “Аҳтам Абдуллозода аз таърихи забони модарӣ ва рушду инкишофи он дар давраҳои гуногуни давлатдорӣ ёдовар шуда, онро хеле қадимӣ ва забони бою ғанӣ унвон кард”.

Манбаъ мегӯяд, Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар ин нишаст таъкид кардааст, забони тоҷики ҳанӯз дар асрҳои 9-10 миллати тоҷикро ҷаҳонӣ карда буд. Ба иттилои манбаъ, хонум Шарофзода изҳор намудааст, баъзан аз ҷониби баъзе ҷавонон алфози қабеҳ садо медиҳад, ки ба забони тоҷики хос нест.

Ҳамасола дар Тоҷикистон 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар гузашта Рӯзи забон 22 июл таҷлил мегардид, аммо соли 2009 баъди қабули қонун “Дар бораи забони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон” он ба панҷуми октябр гузаронда шуд.
Мӯҳр
Бале акаи Абдуллозода, шумо низ бояд ба занон эхтиром гузоред, на ин ки пайваста зери танкиду тахдид карор дихед, хусусан занони фаъолу эчодкорро! Безор шудем аз тахдидхое, ки шогирдони шумо аз номи шумо хамчун "полковники амният" пахн мекунанд.

Ислох
5-уми август не балкт 5 октябр

Ислох,
Эйй нагзтархон. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон аз ҷавонони кишвар даъват кардааст, нисбат ба забони модарӣ эҳтироми хосса дошта бошанд. Ин нуктаро Аҳтам Абдуллозода зимни як чорабинӣ бо ширкати донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, иброз доштааст.
Тухмат карданро аз кучо ёдгирифта бошии ба фикрам т хам дар ВКД кор мекунидияяя

Вокеан, дуруст кайда карда истодааанд хамин Раисони Кумитахо. Худ як назар кунед ба гирду атроф баъзе одаме худро мунакид гирифта истодааст, фарзандаш гап зада наметавонад, лекин хакоратро медонад. Дар кучахо меравед агар хамрохои модарону хохарон бошед аз сухангуии чавонон шарм мекунед. дар як ибора 7-8 сухани кабех истифода мебаранд, то кай ин хел мерафта бошад. Мехмонони зиёд ба давлати мо меоянд пас онхо фархангу маданияти точиконро чи хел бахо медиханд ????? Хол, он, ки аксаран кабл аз ташриф ба кишвари мо забон ва фарханги моро меомузанд, новобаста аз бою гани будани он, мутаассифона дар тачриба мебинанд, сухан дигар асту рафтор дигар.
Ман ахсан ва ташаккур мегуям ба Шумо, барои ташвики лафзи ширин ва забони модарии мову Шумо.
Вакти он омадааст, ки аз хамин davlat (намедонам номи росташ хаст ё нест - номаълум) сар карда, хусумат ва гаразхои шахсиро як тараф монда, барои рушди афкори чомеа кор кунем.
Ин фикри шахсии ман аст, ки кор ва ташфикот бояд аз оила сар шавад.

Дар хакикат шикастани забон ва бе эхтироми зохир намудан нисбати он, имруз доги руз шудааст ва дар хама бахшхои чомеа ба мушохида мерасад. Хатто хозир баъзе мухбирхо (журналистон) хам макола навишта, забони содда ва оммафахмро истифода намебаранд. Махсусан, ин мушкилотро дар нашрияхои Озоди ва Озодагон мушохида намудан мумкин аст.

Барои ман хурсандиовар он аст, ки алакай Хукумат дар симои чунини раисони Кумитахо барои ташфики забони модари корхои назаррасро анчом дода истодааст.
Каблан дар роху рав хангоми рафтан агар як сухани нохуб мегуфти, сад калонтар ба ту танбех медод (бачаи бе тарбия ё ваё рохбари синфат кист гуфта мепурсид ???). Хозир чи шудааст ? Дар назди падараш носу сигор кашида истодааст, сухани ночо мегуяд гуё хеч гап нест?? Дар хайрат мемонед.
Дур нарафта, як бор ба хамсояхои давлатамон назар кунед кариб, ки забони давлати аз байн рафта истодааст.
Фикр мекунам, ки чомеа дар ин масъала бояд бетараф набошад. Зеро аклхо аклхоро ёри диханд.
Танкид кардан осон аст, амом чомеаро ба рохи рост хидоят кардан хеле душвор аст.

Ман дар хаётам якумин маротиба мешунавам, ки занони фаъолу эчодкор мавриди танкиду тахдид карор мегирифтааст, махсусан аз чониби хамин Абдуллозода. Хол он, ки хар як рохбар кушиш мекунад, ки бо чунин шахсон бештар кор кунад.
Ман вакте, ки бо натичахои сафари ин шахс шинос мешавам маълум мегардад, ки дар вохурихо бештари чавонон, духтарон ва занон иштирок мекунанд. Чи хел онхоро тахкир карда мумкин аст ???? Охир чуни шахсон барои мо хамчун модару хохар баромад мекунанд чи гуна метавонон онхоро тахкир кард? Барои ин, фикр мекунам, ки ин дуруги махз аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)