Бахшҳо

Лориҷонӣ: Донишгоҳҳои Эрон омодаанд, намояндагиии худро дар ҶТ ифтитоҳ намоянд

Шоми дирӯз дар Душанбе мулоқоти райиси МН, Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Маҷлиси шўрои Исломии ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Алии Лориҷонӣ сурат пазируфт.


Тавре Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони мамлакат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ҷонибҳо ба баррасии масъалаҳои мавриди таваҷҷўҳашон пардохта, бештар ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шўрои Исломии ҷумҳурии Исломии Эрон таваҷҷўҳ зоҳир карда шуд. Қайд гардид, ки имрўз тоҷикону эрониён ҳар яке кишварҳои ҳамдигарро ватан ва хонаи дуввуми худ мешуморанд. Устод Рўдакиву Мавлавии Балхӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Ҳаким Умари Хайёму Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозиву Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ва дигар саромадони олами адаб ҳамчун бузургони адабиёти ҳар ду кишвар муаррифӣ мегарданд. Ин суханон агарчӣ солҳост  аз забонҳо ва дар маҳфилҳо такрор меёбанд, аммо самимият ва дурахшу ҷилояшон ҳеҷ гоҳе коста нахоҳад гардид.

Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки мардуми Тоҷикистон ёриву дастгирии эрониёнро дар бахшҳои гуногуни фарҳангиву иқтисодии Тоҷикистон фаромўш нахоҳанд кард. Бори дигар ёдовар шудан бамаврид аст, ки баъди ба истиқлолияти давлатӣ соҳиб шудани   Тоҷикистон равобити ҳамаҷонибаи миёни давлатҳоямон бештар густариш ёфт. Эрон аз нахустин кишварҳоест, ки Тоҷикистонро соли 1992 ба расмият шинохта, муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд.

-Тавре огоҳӣ доред, - афзуд раиси Маҷлиси намояндагон, мо дар сафарамон   ба   Эрон  моҳи декабри соли 2010 бо роҳбарияти воломақоми ҷумҳурии исломии Эрон, вазирон, раиси вилояти Хуросон мулоқот доштем ва дар натиҷагирии ин мулоқотҳо таъкид гардид, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илму фарҳанг, сармоягузорӣ ва ғайра густариш дода шуда, хусусан ин ҳамкориҳо бо вилояти Хуросон - нуқтаи наздиктарини ҷумҳурии исломии Эрон бо Тоҷикистон ҳар чӣ бештар бояд амалӣ карда шаванд.

Қайд гардид, ки сафари ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон моҳи ноябри соли 2010 ҷиҳати тақвият ёфтани равобити байнипарлумонии миёни ду кишвар нақши муҳим бозид. Дар парлумонҳояи ҳарду кишвар гурўҳҳои дўстӣ ташкил ёфтаанд. Зуҳуров афзуд: «Мо аз ин сафари шумо, Ҷаноби Олӣ, дар раъси як ҳайати бонуфузи ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон дар бахши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ва тавсеъа ёфтани муносиботи иқтисодиву фарҳангӣ пешомадҳои хеле хуберо интизор дорем».

Доктор Алии Лориҷонӣ низ густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии кишвараш бо Тоҷикистонро аз муҳимтарин аҳдофи сафари худ ба мамлакати мо арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки мавҷуд будани муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва мазҳабӣ байни ду миллати бародари тоҷику эронӣ барои таҳкими чунин ҳамкориҳо заминаи фаровонро фароҳам меорад. Ӯ сафари худ ва ҳайати ҳамроҳонаш ба Тоҷикистонро сафари рӯъёӣ номида, изҳор дошт, ки барои ман ва ҳайати эронӣ боиси сарфарозӣ аст, ки аз чунин кишвари зебое мисли Тоҷикистон боздид дорем ва мо умедвор ҳастем, ки ин сафар паёмадҳои хубе барои таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи ҳарду кишвар хоҳад дошт. Алии Лориҷонӣ дар бораи ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ бошад, таъкид намуд, ки  ду донишгоҳи ҷумҳурии исломии Эрон, аз ҷумла донишгоҳҳои «Озод» ва «Паёми нур», ки ба омода кардани мутахассисони соҳаи техника ва технология машғул ҳастанд, омодаанд, ки намояндагиҳои худро дар ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намоянд.

Дар поёни нишаст, Ёддошти тафоҳуми ҳамкории парламентӣ байни Маҷлиси шўрои Исломии ҷумҳурии Исломии Эрон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба имзо расид.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)