Бахшҳо

Дурӯғ ва “Барқи тоҷик”

Абдулазизи ВОСЕЪ

Дурӯғ гуфтану сурх нашуданро бояд аз бархе масъулини ширкати “Барқи тоҷик” омӯхт. Дар ҳоле ки сокинони аксар манотиқ рӯзҳост таъми лимитро мечашанд, ин масъулин лоф мезананд, реҷабандии барқ ҷорӣ нашудааст...

Сокинони минтақаҳои мухталифи кишвар мегӯянд, наздики як ҳафта аст, барқ дар манзилҳояшон барои чандин соат қатъ мешавад. Бо ин ҳол, масъулини ширкати “Барқи тоҷик” иддао доранд, ки ҳанӯз лимит оғоз нашудааст.Вақте мустақил будани додгоҳҳо зери суол аст, боварнокарданист, ки шабакаҳои барқи минтақаҳо аз пеши худ ва бидуни огаҳии “Барқи тоҷик”якдилона барқро барои сокинон қатъ кунанд.

Ё Шумо мардумро ба қавли ҳарфҳои кӯчабозорӣ “донаи тарбуз” мепиндоред? Ин ки миллати хубу босабрем, маънии онро дорад, ки болои сарамон чормағз бишканед? Хомӯшӣ ҳам ба ин маънӣ нест, ки вақте барфро сиёҳ гӯянд, бовар карда бошем.

Аз сӯи дигар, як масъул “Барқи тоҷик” гуфта, барои омодагӣ ба зимистон хатҳои баландшидати барқро таъмиру тармим мекунанд ва ин боиси қатъи муваққатии нерӯи барқ дар баъзе минтақаҳо шудааст. Қатъи муваққатӣ, яъне чӣ? Як ҳафта шабона ва рӯзона барои чанд соат қатъ шудани барқ – қатъи муваққатӣ ном дорад? Чандин сол аст, ки онро лимит мегуфтанд, имсол қатъи муваққатӣ шуд?Гузашта аз ин, кадом кӯдак бовар мекунад, ки кормандони шабакаҳои барқ баъди соати 22 ё 23 ба таъмиру тармими хатҳои баландшиддат машғул мешаванд?

Ин ки мардум бебарқиро таҷриба мекунаду масъулин мегӯянд, лимит ҷорӣ нашудааст, ҳарчанд шоҳдурӯғ нест ва ба номинатсияи “Дурӯғи сол-2015” зӯраш намерасад, аммо бешак дар панҷгонаи дурӯғҳо мақом мегирад. Ҳар касе ҳам дар ин сатҳ дурӯғ гуфта наметавонад...

Мардум ба ваъдаи се сол баъд барқ фаровон мешавад, кайҳост бовар надоранд. Чун чандин чунин сесолаҳоро бо лимит сипарӣ карданд. Пас, ошкоро эълон кунед, ки реҷабандии барқ оғоз шудааст. Ин ки даъво мекунед, лимит нест, аммо ҳаст, обрӯятонро беш намекунад. Бояд ҳарчиро бо номи худаш гуфтанро ёд бигирем. Ё не?
Мӯҳр
Офарин! ба чуръати мардонагиат бародар хакро гуфти!

Ееее мардум бахудо лимит хаст аз соати 22:00 то 5 сахара барк нест бо аз 9 то бегора несттт илооохоо хаминхел дуругуйхои барки точика касали (раг) куни ки ба хеч вач сихат нашаван оминннннн


Абдуллох
Онхо корашон дуруг гуи хаст! Хар кадомеш дуруги зур гуяд сохиби вазифаи нагз мешавад)

шер
Аз мардум ку шарм намекунед, лоакал аз Худо шарм дошта бошед, барки мардумро медуздедуд шарм нокарда дуруғ мегуед

худо хохад асри 22 албатта барк фаровону лимит бардошта мешавад...

кадим
дар н хамадони аз соати 9 то 5 шаб аз 10 то сахар баркчон гум мешава лимит сар шид мардум истарош мени бо умеди рузхои нек то рогун соз нашава и проблема хай

kalom
Чун ин касонеки дастони нопокашон дар ҷайби мардуми бечора аст ҳануз қонунан лимит шуруъ нашудааст вале то вақти қонунш бояд пул кор кунан

Саидшох
Дар Точикистон се проблемае мавчуд хаст,ки то хол дар муддати 23 сол хали худро то имруз наефтаанд: 1. Коррупсия ва фасоди дар хама макомотхои давлати
2. Бебарки
3. Бекори
Агар хамин проблемахо набошанд, ба амнияти Точикистон ягон хавф тахдид намекунад ва нахохад кард

беном
Агар ягон сенарияи дигар набошад бисёр гапхои хуб задааст

Хушбахтона Сарконуни кишвар барои дуруг ва ичро накардани ваъда ба мансабдорон хеч гуна чазоеро пешбини накардааст. Так что нотарсида дуруг гуед ва ваъда дихед)))))))))))

офарин офарин офарин офарин офарин офарин офарин офарин офарин офарин офарин офарин офарин офарин офарин офарин офарин офарин офарин офарин офарин офаринм офарин офарин офарин офарин офарин офарин

света трб кардагиян ино

Бигузор ин муттасаддиёне, ки дуругро руи рост шарм надошта мегуянд, аз руи конун ба чавобгари кашида шаванд, модоме,ки лимитро хукумат нею харки хохад аз пеши худ барои мардум раво донад ва сабаби азияти мардуми захматкаши дехоту шахракхо мешавад, ба чавобгарии чинои кашида шаванд...

дуругшох
соз навиштан даркор дуруст навиштан

орипов
Ино афсонаи бузаки цингилапоро гуфта фикри халки бечораро намекунанд беисофо!- Дар ТВС -ахборашда соатхо таърифу тавсиф мекунанд о хами мушкилии баркдуздиро гап зананд чи мешад-! Рахмат ба маколанавис худованд нигохбонат бошад бо инхел хакикатро фахмидану навиштанат...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)