Бахшҳо

Додситонии кулл аз боздошти 23 раҳбар ва аъзои раёсати олии ҲНИТ хабар дод

Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти 23 раҳбар ва аъзои Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабар дода, мегӯяд, онҳо бо иттиҳоми анҷоми чанд ҷиноят муттаҳам мешаванд.

Ин ниҳод бо пахши як иттилоия гуфтааст, алайҳи ин афрод бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Дар гузашта, додситонии кулл аз боздошти 13 узви Раёсати олии ҲНИТ хабар дода, ному насаб ва суроғаи онҳоро эълон карда буд. Аммо дар иттилоияи ахири ин ниҳод исми 10 аъзои дигари ҲНИТ, ки 29 сентябр фаъолияташ манъ гардид, ошкор нашудааст.

Хабари боздошти фаъолони ҳизб дар ҳолест, ки Раёсати СММ оид ба ҳуқуқи башар -“OHCHR” аз афзоиши хатари нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Равина Шамдасанӣ, намояндаи “OHCHR” аз бастани ҲНИТ интиқод намуда, изҳор доштааст, “мо ҳукумати Тоҷикистонро даъват мекунем, ки дар мубориза терроризму экстремизм ҳуқуқҳои байналмилалиро риоя кунад”.

Аз ин пеш, Иттиҳоди Аврупо ва чанд созмони ҳифзи ҳуқуқ низ дар ин бастагӣ изҳорот дода буданд.
Мӯҳр
.
Ба пикрум дар турмахои Точикистон дигар чойи холи намемона ин кадар мардума турма кунанд. Барои хамин кисми зиедша иштароб карда чавоб додан даркорай.

ҷамшед
ҳами атрофи тоҷикистона девор бгиран ва номша тоҷикистон не балки зиндон бмонан.ва дохилша пур аз мардуми мусалмон кунанд..,
.,
.,
.,

Чамшед, бале рост гуфтед! Ман хам хамина гуфтани будам, ки Шумо бародар Чамшед пешдасти карда навистед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)