Бахшҳо

Омори нави шарикони кушташудаи Ҳоҷӣ Ҳалим ва таъкиди вазир ба ҳилаю найрангбозии кормандони оперативӣ

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар паёми шодбошияш ба муносибати Рӯзи кормандони оперативӣ, ки 5 октябр таҷлил мешавад, аз амалиёт алайҳи гуруҳи Абдуҳалим Назарзода зикр карда, омори нави кушташудагон дар ин амалиётро ном бурд.

Ба гуфтаи Раҳимзода то ҳол 32 узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим безарар гардонида шудаанд. Дар ҳоле, ки Вазорати умури дохилӣ баъди анҷоми марҳилаи асосии амалиёт алайҳи гуруҳи Назарзода дар Ромит изҳор дошт, ки дар маҷмуъ 27 шарики Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шудаанд.

Вазири умури дохилӣ воқеаҳои аввали моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Ваҳдат ва пойтахти кишварро идомаи ҳамон амалу кирдори гуруҳҳои ифротгаро ва ҷинояткор хондааст, ки аввали солҳои 90-ум ва охири солҳои 2000-ум вазъро дар кишвар ноором сохта буданд: “Душманони давлату миллат мехоҳанд зери ниқоби дини мубини ислом бо роҳандозӣ намудани ақидаҳои ифротгароӣ вазъи сиёсиро халалдор ва ҳадафҳои душманонаи худро амалӣ созанд. Бояд таъкид намоям, ки ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ муносибат ва умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешаванд. Ҳаёт борҳо собит намудааст ҳар касе, ки ба муқобили давлату миллат, халқ ва ормонҳои мардуми кишвар мебарояд, оқибат ба нокомӣ дучор мегардад”.

Рамазон Раҳимзода маҳви гуруҳи Назарзода ва дигар гуруҳҳои созмонёфтаи ҷиноиро натиҷаи кори муваффақонаи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ хонда, изҳор доштааст, ки 90 фоизи ҷиноятҳо дар кишвар маҳз бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ ошкор мешаванд.

Вазири умури дохилӣ афзудааст, ки дар китоби худ «Кори гумоштавӣ-оперативӣ», ки соли равон аз чоп баромад, боби алоҳидаро маҳз ба кормандони оперативӣ бахшидааст: “Дар он қайд намудаам, ки кормандони оперативӣ бояд дорои чунин сифатҳо - инсондустӣ, адолатпарварӣ, вазифашиносӣ, ору номус (шараф), виҷдон, интизомнокӣ, масъулиятшиносӣ, ҳисси ифтихор аз касб, сатҳи баланди зеҳну хирад, хотираи хуби босиравӣ, хотираи хуби сомеавӣ (яъне, шунавоӣ), мушоҳидакорӣ, тезфаҳмӣ, нақшофарӣ, таҷассумшавӣ, зирракӣ, ҳушёрӣ, далерӣ, чусту чолокӣ, шуҷоатмандӣ, сипоҳӣ, пуртоқатӣ, қобилияти бартараф намудани таъсири шароити боду ҳаво, гуруснагӣ ва бехобӣ, доштани маҳорати найрангбозӣ, истифодаи тарзу усулҳои ҳилабандии оперативӣ, пешбининамоӣ, қобилияти таҳлил намудани ҳар гуна зуҳурот, доштани ҳусни муошират, қавииродагӣ, принсипнокӣ, ботамкинӣ (яъне, ба эҳсосот дода нашудан), устуворӣ ба ҳар гуна таъсири ҳолатҳои ҳаяҷон ва ғайраро дошта бошанд”.

Раҳимзода дар охир барои кормандони оперативӣ саломатӣ, рўзгори осуда, осмони софу беғубор ва дар корашон комёбӣ, таманно кардааст.
Мӯҳр
Ин гурухи террористи ягон алокаманди ба дини "Ислом" надоранд ! Онхо танхо як хадаф доштанд, ноором сохатни чомеъа ва сарнагун намудани сохти конститутсиони ! З-ру созояшон хамин!

Muhim ne
Guyo operativniko hami khislatora doran hahahahahah

ватандуст
оббое, ки дар бораи ин хислатхои хамидаи инсони харф гуфтааст

Кора бинед ки дар як шаб муовини вазир терорист
Хисби сиёси ифроти
Точири мувафак 29 зиндон
Амволи точирони дигар гасб
Малум мешавад ки барои хар нафар як сенария омода аст.
25% ахолии кишвар мухочир шуда тарки ватан намуданд тамини молии ахоли бо пули мухочир аст.
Чавонро ба шубаи милиса бурда дар 2 соат аз у чинояткору терорист месозанд.

Милитсионери собик
Дар милитсия точик чанд мушкил ҳаст ман мегуям.
1, касбият вуҷуд надорад. аксари вазифаҳоро шахсони ғайрикасбӣ аз тариқи хешутаборбозӣ ва ришвадиҳӣ ё ба хотири садоқати шахсӣ соҳиб шудагӣ.
2, Касе ба милиса ба хотири хидмат кардан ба мардум ворид намешавад,
3, милиса худашро на ҳимоятгари мардум балки соҳиби мардум медонад.
....

Назарзода як корманди хукумати мисли шумо буд чаноби вазир.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)