Бахшҳо

Кӯлоб: «Барқи тоҷик» ба сохторҳои зертобеаш телефонограмма ирсол дошт

Ширкати «Барқи тоҷик»  бо як телефонограммаи худ аз зеридораҳои шабакаҳои барқии шаҳру вилоятҳо даъват намудаст, то барои ташкилоту корхонаҳои қарздор аз истифодаи нерӯи барқ, қатъиян интиқоли барқро қатъ намоянд.


Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои аз ҶСК «Шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб» расида, дар 9-моҳи имсол барои 8-навоҳии минтақа ба маблағи 17-миллиону  817-ҳазор сомонӣ нерӯи барқ истифода шуда, вале ҷамъоварии ҳақи барқ 14-миллиону 364-ҳазор сомониро ташкил додааст. Аҳолии навоҳӣ ба маблағи 10-миллиону  909-ҳазор сомонӣ қувваи барқро истеъмол намуда, 9-милиону 462-ҳазор сомонӣ пардохт намудааст.

Мирзо Исмоилов, роҳбари «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт: «Дар мавриди пардохти ҳақи барқи истифодашуда аз ҷониби аҳолӣ мушкилӣ надорем. Сокинон дигар онро сари вақт ва бе ягон  зӯриву зорӣ пардохт мекунанд. Мушкил сари ташкилотҳои буҷавӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ба хусус хоҷагиҳои оби шаҳру навоҳӣ мебошад». Ба гуфтаи ӯ, танҳо хоҷагии об то имрӯз аз шабакаҳои барқӣ ба маблағи 12-миллиону 656-ҳазор сомонӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ беш аз 117-ҳазор сомонӣ ва ташкилотҳои буҷавӣ ба маблағи 205-ҳазор сомонӣ қарздор мондаанд.

Ҳамчунин, ҷаноби Исмоилов гуфт, агарчӣ аҳолӣ дар ҳоли ҳозир ҳақи барқи мегирифтаашро сари вақт пардохт карда меояд, вале қарзҳои аз гузашта мондаи он беш аз 12-миллион сомонӣ будааст, ки мутаасифона ҷамъоварии он мушкилӣ ба бор меорад. Дар маҷмӯъ, қарзи истифодабарандагони барқ дар минтақа зиёда аз 26-миллионро ташкил медиҳад.Дар ҳамин ҳол, барои навоҳии минтақаи Кӯлоб низ  сар аз 13-уми октябр маҳдудияти интиқоли барқ ба роҳ монда шудааст. Ба иттилои манбаъ, тибқи меёри ҷудошуда, барои 8-навоҳии минтақа 1-миллион кВт/соат дар 1-моҳ пешбинӣ шуда, тайи 1-шабонарӯз барои аҳолӣ аз соати 5-субҳгоҳ то соати 9-и саҳар ва бегоҳӣ аз соати 17 то соати 22-и шаб барқ дода мешаваду бас.  Барои иншооти муҳим ва ташкилоту корхонаҳои фаъол бошад таъмини барқ доимӣ будааст.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)