Бахшҳо

Тақозои шаш гуруҳи дифоъ аз ҳуқуқ барои раҳоии Бузургмеҳр Ёров

Шаш гуруҳи байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон хостори раҳоии фаврии вакили боздоштшудаи тоҷик Бузургмеҳр Ёров шудаанд.

Афви байналмилал, Paris Bar, Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна, Human Rights Watch, Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар (IPHR), Кумитаи Ҳелсинки Норвеж бо нашри як изҳороти муштарак рӯзи 7 октябр гуфтаанд, мақомот бояд Ёровро озод намоянд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, Бузургмеҳр Ёров чорумин вакили дифои тоҷик аст, ки бо иттиҳомҳои дорои ангезаи сиёсӣ таъқиб ва ё зиндон шудаанд.

Надежда Атаева, раҳбари Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон бояд Бузургмеҳр Ёровро фавран озод ва ё дастрасии ӯ ва хонаводаашро ба вакили дифоъ таъмин созад.

Ҳю Виллиамсон, раҳбари бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Дидбони ҳуқуқи башар гуфта, бо боздошти Бузургмеҳр Ёров Душанбе ҷомеаи қонуниро аз қазияҳои ҳассоси сиёсӣ канор мебарад.

Муаллифони изҳорот гуфтаанд, Иёлоти муттаҳидаи Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикони байналмилалии Тоҷикистон бояд ба ҳукумати кишвар фишор биёваранд, то кафолат бидиҳад, вакилони дифоъ кори худро бидуни тарс аз таҳдиду озор ва таъқиб шудан анҷом диҳанд.

29 сентябр Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи Бузургмеҳр Ёров хабар дод. Ин ниҳод Ёровро дар қаллобӣ ва истифодаи талони тақаллубии муоинаи техникӣ муттаҳам мекунад. Боздошти Бузургмеҳр Ёров дар пайи таъсиси Кумитаи ҳимоят аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ сурат гирифт. Ба дунбол Додгоҳи олӣ фаъолияти ҲНИТ-ро дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон кард.
Мӯҳр
Шерони нари Точик аз изхоротхои ин гуна ташкилотхо натарсед. Инхо гуфтан мегиранд. гунахгоронро чазо дихед. кишри вайроншудаи чомеаи точикистонро тоза кунед. Иншааллох Аллох бо шумост вагарна ин кадар кудрат медод ба шумо ???. адвокат шидам гуфта дигар хама чиз ба шумо мумкин ха??? адвокат нябояд аз доираи конун барояд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)