Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:45

Муаммар Қаззофӣ марги худро дар зодгоҳаш «пешвоз» гирифт

21 октябр 2011, 05:28

Муаммар Қаззофӣ, раҳбари барканоршудаи давлати Либия дар шаҳри Сирти ин кишвар ба ҳалокат расид.


Дар ин бораи Шӯрои миллии гузор ба расонаҳои ғарбӣ иттилоъ додааст. Нахуствазири ҳукумати муваққатии Либия- Маҳмуд Ҷибриил марги раҳбари собиқро тасдиқ карда, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Троблус гуфт:  «Қаззофӣ ҳангоми ишғоли шаҳри Сирт кушта шудааст, фармондеҳони Шӯрои давраи гузариш қаблан иттилоъ дода буданд, ки ӯ дар зодгоҳаш шаҳри Сирт боздошт шудааст».  Ҳамзамон, шабакаҳои телевизионии мухталиф акси ҷасади саршор аз хуни Қаззофиро намоиш додаанд. НАТО мегӯяд, субҳи панҷшанбе (20 октябр) ҳавопаймоҳои ин паймон корвони иборат аз ду мошини низомиро мавриди оташ қарор додааст. Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, рӯзи гузашта бар асари бархӯрдҳои мусаллаҳона дар Сирт камаш се сарбози нерӯҳои вафодор ба ҳукумати муваққат кушта ва 30 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ёдрас менамоем, Муаммар Қаззофӣ дар соли 1969, ҳангоме ки ҳамагӣ 28-сол дошт, алайҳи шоҳи Либия табаддулот карда, Идриси 1-ро аз тахт бенасиб кард. Сарҳанг Қаззофӣ тайи 42 сол ба симмати раҳбари давлати Либия фаъолият карда, шурӯъ аз аввали соли 2011 ба муқовимати шадиди мухолифини режимаш рӯ ба рӯ шуд. Моҳи август нерӯҳои Шӯрои давраи гузариш шаҳри Триполӣ, пойтахти Либияро ишғол намуданду Қаззофӣ ҳамроҳ бо аъзои хонаводааш аз пойтахт фирор кард.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!