Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:57

1 пурсиш=7 посух

21 октябр 2011, 05:27

Ахиран Маҷлиси намояндагон ба қонун  «Дар бораи коррупсия » тағйирот ворд намуд.Тибқи ин тағйирот аз ин пас  ба вазифаҳои масъул ба кор қабул кардани арӯсу домодҳояшон аз сӯи мансабдорони воломақом манъ карда шудааст.

Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров, профессор

Дар ҷомеаи мо раванди хешовандсолорӣ ҳамчун тартиботи муътадил қабул шудааст. Кас

е, ки пул надорад мегӯяд, ки хеши фалон мансабдори калон ё писару бародараш дар ин ё он вазифаи баланд кор мекунад ва боз аз мансаб сӯистифода ҳам менамояд. Қисмати хеле зиёди мансабдорон аз ҷавобгарӣ барои сӯистифода аз мансаб озоданд. Қонунҳои мо ба қонуни кишварҳои дигар монандиҳои бештар доранд ва қонунҳои нав ҳам хеле зиёданд. Аммо он қонунҳое, мо қабул кардаем, қисмати зиёдашон иҷро намешаванд. Касоне, ки ба фасод машғуланд, ҳамин қонунҳоро ба эътибор намегиранд. Онҳо медонанд, ки касе аз онҳо риояи қонунро талаб намекунад. Мардум ҳам аз пурсидани он, ки чаро ин мансабдорон қонунро риоя намекунанд, ҳарос доранд. Аз ин нуқтаи назар фикр мекунам, ки тағйироти нав дар қонуни мубориза алайҳи фасод гарчанде мукаммал ҳам бошад, вале он натиҷаеро, ки мардум интизоранд, дода наметавонад.

Фаридуни Акбар, соҳибкор

Фасоди молӣ як зуҳуроти ҷиддии таҳдидовар ба миллату давлат аст ва хатараш аз тероризму экстримизм кам нест. Имрӯз ин падида дар тамоми кишварҳои ҷаҳон реша давонда, ба як амали маъмулии мардумӣ табдил ёфтааст. Инчунин созмонҳои пажӯҳишии байналмилалие ҳам пайи таҳаққуқи мубориза бо ин зуҳурот фаъолият доранд. Дар Тоҷикистон густариши фасоди молӣ зиёд ба чашм мерасад. Зеро  фарҳанги хешовандсолориву падарсолорӣ як кори асосӣ ва принсипи муҳими ҳамкорӣ гардидааст, ки Парлумони кишвар аз пайи тағйири Қонуни ҶТ "Дар бораи Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Ҷумхурии Тоҷикистон" шудааст. Воқеан ҳам "фарҳанги хешовандсолорӣ" ба шуури насли ҷадид реша давонда, онҳоро аз талош кардан барои донишҷӯй шудану соҳиби кор гардидан ва ниёзҳои худро бароварда сохтан бозмедорад. Ва ингуна муносибатро ҳар лаҳза эҳсос хоҳӣ кард. Вале тағийроти қонуни мазкур чандон муҳимият надорад ва эҳтимоли пешгирӣ аз фасод бо ин роҳ  ночиз аст. Бо ин гуна ҷузъиёт намешавад, ки корҳои ҷиддиеро пиёда кард. Агар чӣ қонунгузорӣ иҷозаи зердаст будани фарзанду арӯсу домодро надиҳад ҳам, вале ҳамсояву ҳамдеҳу ҳамшаҳриро манъ накардааст. Мутаассифона, дар тамоми сохторҳои кишвар "ҳокимияти хешовандӣ" амал дорад ва ин омилҳои рушди фасоду косташавии иқтисоди кишвар аст. Бояд Маҷлиси Намояндагон тағйиротро дар қонуни мазкур бо дидгоҳи фарохтар қабул мекард ва як стратегияи дурусти мубориза бо коррупсия, бо иштироки тамоми қишрҳои ҷомеа таҳия ва қабул мегардид. Агар имрӯз нафаре бо ҷурми гирифтани пора ва ё ҷиноёти иктисодӣ дастгир шавад бо пардохти пули муайян ва ҳимояти қонун озод мегардад. Пас бо ин гуна бархурд метавон гуфт ки фасод аз байн меравад? Албатта не! Бояд барои порадеҳу порагир ҷазои сангине муайян шавад. Имрӯз кадом мақоме, ки бо ҷурми пора дастгир мешавад, фардо мебинем, ки боз дар курсии баландтаре ифои вазифа дорад. Ҳамин худ гувоҳи он аст, ки мубориза бо фасод лафзист на амалӣ

Сайфулло Сафаров, муовини директори МТС

Қонун дар бораи мубориза алайҳи коррупсия оиди ба кор нагирифтани хешу табор ва фарзандон амал мекард ва бештар ба он мансабдороне нигаронида шуда буд, ки бо пул сару кор доштанд ва дар шӯъбаи молия ё ҳисобдорӣ фаъолият менамуданд. Ҳамакнун домоду арӯсон ҳам дар ин рӯйхат ворид шудаанд ва дар идораи зери тобеияти падару модарон ё қудоҳо ҳаққи кор карданро надоранд. Вале ман фикр мекунам, ки дар ҳолатҳои зарурӣ, яъне агар идораи зери тобеияти хешу табор ба кадре мисли ҷиян ниёз дошта бошад, маҳдудият ҷорӣ карда нашавад. Роҳбар худ бояд аз нуқтаи назари ахлоқӣ домод ё арӯсашро ба ин ё он вазифа таъин кунад. Аз рӯи ихтисос ва касбаш ба ин ё он вазифа пешбарӣ намояд. Аз сӯи дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандон бояд ҳифз карда шавад ва дар сурати зарурӣ домоду арӯсон ё фарзандони ихтисосманд ба идораи зери тобеияти волидайн ба кор қабул гарданд. Масалан, агар ихтисоси фарзанд дар соҳае бошад, ки амак ё падараш роҳбарии онро ба ӯҳда дорад ё агар дар ихтисосе, ки фарзанд хондааст ба ғайр аз идораи зери тобеияти падар ҳамчунин муассисаи дигар вуҷуд надошта бошад, дар он ҳолат ӯ чӣ бояд кунад? ӯ шояд дар Русия, Амрико ё Аврупо таҳсил карда омада бошад, дар соҳае хонд, ки ин соҳаро маҳз хеши ӯ роҳбарӣ мекунад, пас ба ӯ низ имконият дода шавад. Ба он хотир зарурати ворид кардани тағйирот ба ин қонун ба миён омад, ки воқеан баъзеҳо аз ҳад гузарониданд. Сӯистифода аз мансаб ва хешу таборро ҷамъ кардан дар бархе идораҳо тайи чанд соли охир зиёд ба назар мерасид ва зарурати қабули ҳамин гуна як қонуне ба миён омад.

Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ, вакили мардумӣ

Дар ҳар ҷое, ки сармоя ҳаст, коррупсия вуҷуд дорад. Коррупсия ин ришвахӯрист ва инсонро маҷбур мекунад, ки барои иҷрои ин ё он кораш ришва диҳад. Чанд кас вазифаҳои давлатиро ишғол мекунанду бо маслиҳат кори одамони камбағалро иҷро намекунанд, як-ду ҳафта медавонанд ва он шахси бечора маҷбур мешавад, ки ришва диҳад. Яке аз шаклҳои хавфноки коррупсия ин сарҷамъ шудани хешу таборон дар як ниҳоди давлатӣ мебошад. Онҳо байни худ "шартнома" мекунанд ва барои як маълумотнома(справка)-е, ки дар 5 дақиқа гирифтан мумкин аст, шахси ғариберо чанд моҳ овора мекунанд то замоне, ки аз ӯ маблағи муайяне наситонанд. Тағйироте, ки дар қонуни мубориза алайҳи фасод ворид шуд, бамаврид аст. Хешу таборҳо ҷамъ шуда, яке раис, дигаре иқтисоддон ва саввумӣ муҳосиб мешаванду ба фурӯхтани ғайриқонунии моликияти давлатӣ шурӯъ мекунанд. Коррупсия яке аз бузургтарин монеаи рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаи мо мебошад. Паҳлӯи дигари манфии коррупсия ин ҷамъ омадани як гурӯҳи хешу таборон ё одамони шинос дар як ниҳоди давлатӣ ва халал расонидан ба пешрафти кадрӣ мебошад. Онҳо барои дуруст ҷо ба ҷогузории кадрҳо монеа эҷод мекунанд. Ин қонун ба онҳое, ки як гурӯҳ хешу табор ва бародаронро дар атрофашон ҷамъ карда, бо сармояи худ соҳибкорӣ мекунанд, дахл надорад. Ин коррупсия нест. Сухан дар бораи корхонаву муассисаҳои давлатӣ меравад. Ин қонун ба соҳаи тандурустӣ, маориф, саноат, энергетика ва дигар соҳаҳое дахл дорад, ки давлатӣ бошанд. Ба ғайр аз ин дар ширкатҳои саҳҳомӣ низ мумкин нест, ки тамоми саҳм дар дасти ду-се хешу табор бошад ва саҳҳомони дигарро иҷборан аз бозӣ берун кунанд. Барои татбиқи қонун санадҳои зерқонунӣ ва низомномаву дастуроти мушаххастар лозим аст. Аз ин рӯ, қабули ин қонун ҳанӯз оғози кор аст.

Зафар Абдуллоев, журналист

Чунин тағйирот дар қонуни мубориза алайҳи коррупсия метавонад фоидаовар бошад. Ба фикри ман машваратчиҳо баъди таҳлили вазъи ҷомеа маслиҳат доданд, ки як тағйироти "намоишӣ"-и ҷамъиятиро ба роҳ монанд. Ба хотири он ки мардумро ба ояндаи нек умедвор намоянд ва аҳли ҷомеа фикр кунанд, ки дар самти мубориза бо коррупсия кор рафта истодааст. Баъди тағйирот дар қонуни мазкур шояд мансабдорони сатҳи болоӣ, аз ҷумла қудову язнаву ҷиянҳои роҳбарони воломақом аз вазифа раванд. Баъзе андешаҳо ҳаст, ки онҳо курсиро холӣ намекунанд. Ба фикри ман онҳо мераванд, зеро онҳо одамони нодору беимконият нестанд ва шояд дар мавриди рафтанашон пешакӣ маслиҳат шудааст ва эҳтимолан кайҳо вазифаи дигар интизорашон бошад. Ин тағйирот аз ҷиҳати равонӣ таъсирбахш аст, аммо аз лиҳози самарабахшӣ чандон натиҷаи хуб намедиҳад. Ба андешаи шахсии ман агар ягон язна ё домод дар назди хешу табори худ кор кунад, ин барои ҷомеа ҳеч балбахтие намеорад. Ба шарте, ки ӯ шахси ҳирфаӣ бошад ва аз ӯҳдаи кор барояд ва мардум натиҷаи кори ӯро эҳсос кунад. Дар мавриди ҷонишини вазири молия, Ҷамолиддин Нуралиев бояд бигӯям, ки шояд баъди тағйирот дар ин қонун ӯ аз ин вазифа меравад. Лекин ба фикри ман ӯ як мутахассиси касбӣ аст ва аксари менеҷерҳои ғарбӣ ва намояндагони фондҳои байналмиллалӣ ӯро мешиносанд. На ҳамчун домоди президент, балки ҳамчун мутахассиси соҳаи худ. Як кори хубе бо ташаббуси ӯ оғоз шуда буд ва ҳоло дар марҳилаи хотимаёбист ва он ҷор? кардани ҳисоботи мардум? дар Тоҷикистон аст. ӯ аз пушти ҳамин гуна фаҳмишҳои зоҳирфиреб ва ҷобаҷогузории нодурусти кадрӣ аз вазифа меравад. Бо ҳамин тағйироти андак ва барканор кардани ду-се мансабдорон назари мардумро нисбати ҷобаҷогузории кадрӣ ва мубориза бо фасод иваз кардан мехоҳанд ва шояд то андозае ба мақсад мерасанд.

Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос

Дар қонуни қаблии мубориза алайҳи фасод гуфта мешуд, ки роҳбар дар зери тобеияти худ наметавонад қудоҳо ва хешу табори худро ба кор гирад ва акнун танҳо истихдом нашудани арӯсу домод илова шудааст. Метавон гуфт, ки ин чандон навигарии ҷиддие нест. Зеро чунин банд дар қонуни мубориза алайҳи коррупсия вуҷуд дошт. Чӣ тавре медонем, талаботи он модда риоя карда намешуд. Роҳбарон дар Тоҷикистон хешу таборони худро ба он ниҳоде, ки фаъолият доранд, ба кор мегирифтанд ва ҳанӯз ин зуҳурот кам нашудааст. Ин яке аз сабабҳои фароҳам овардани замина барои авҷи коррупсия мебошад. Ҳоло ба хотири кам кардани коррупсия вакилон дар ҳамкорӣ бо масъулини Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар қонун тағйирот ворид карданд. Вале ман чун ҳуқуқшинос аз таҷрибаи кориям метавонам гӯям, ки ин талаботи қонун боз ҳам аз ҷониби мансабдорон риоя карда намешавад. Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ ягон чораи зарурӣ андешида наметавонад. Хешу таборро ба кор гирифтан дар Тоҷикистон як характери оммавӣ гирифтааст ва агар ҷо ба ҷогузории кадрҳои вазоратҳоро мавриди таҳлил қарор диҳем, муайян хоҳад шуд, ки хешу таборони раисону вазирон дар мансабҳои муҳим, ба вижа шӯъбаҳои молияву ҳисобдорӣ ба кор гирифта шудаанд. Тағйирот дар қонуни мубориза алайҳи коррупсияро ба хотири то андозае кам кардани фасод бо иштироки мансабдорони хонаводагӣ ворид кардаанд.

Ислом Раҳимов, тафсиршинос

Дар мавриди дар як корхона кор кардани хешу таборон ва аҳли як оила бояд инро гуфт, ки агар ин ширкати хусусии онҳо бошад, ягон ҷои нигаронӣ вуҷуд надорад ва ин як амали муқаррарист. Лекин агар корхона давлатӣ бошад, масъалаи фаъолияти аҳли як оила ё хонавода дар ин сохторро зери суол мебарад. Аслан дар ҷомеаи мо фасод чун як падидаи таҳрикдиҳанда хизмат мекунад. Зеро агар як соҳибкор хоҳад, ки ширкате таъсис диҳад ё тиҷорати худро оғоз кунад, то он замоне, ки ба баъзе мансабдорон пора надиҳад, шояд кори ӯ чанд моҳи дигар тӯл кашад. Ба хотири сарфаи вақт соҳибкор ришва медиҳад ва аз ин нуқтаи назар коррупсия барои пешравии иқтисод фоида ҳам дорад. Ҳоло дар аксар корхонаҳо ба хотири муфлис нашудан аз пардохти молиёти гарон усули коррупсиониро пеш мегиранд, ки дар ширкат ду навъи ҳисоб, яке барои кормандону даромади воқеӣ ва дигаре барои пардохти андоз ба роҳ монда мешавад. Агар ин усул истифода нашавад, шояд ягон соҳибкор дар Тоҷикистон фаъолият бурда натавонад ва ин боиси таназзули иқтисод мегардад. Дар ин ҳолатҳо фасодро омили пешбарандаи иқтисод гуфтан мумкин аст. Агар чӣ манфиат дидан аз истифодаи роҳҳои коррупсионӣ то андозае ба манфиати қишри нодори аҳолӣ мебошад, вале аз сӯи дигар зарари амалҳои коррупсионӣ ҳам боз ба дӯши мардуми камбизоат меафтад. Зеро як шахс барои гирифтани маълумотнома аз ягон идораи давлатӣ ҳафтаву моҳҳо медавад ва билохира бар ивази ришва онро дастрас мекунад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!