Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:13

Покистон бояд аз талошҳои сулҳ дар Афғонистон ҳимоят кунад

21 октябр 2011, 05:54

«Аз раванди сулҳ ҳимоят кунед, дар акси ҳол ҳамлаҳои пайдарпайи нерӯҳои НАТО-ро интизор бошед»,- иброз доштааст, Ҳилларӣ Клинтон.


Ин ҳарфҳоро вазири умури хориҷаи ИМА, пас аз мулоқоташ бо райисҷумҳури Афғонистон дар Кобул иброз кардааст. Хонум Клинтон афзуд, лозим аст, ки  гурӯҳҳои шӯришӣ силоҳи худро бар замин гузошта ва бо пазируфтани қавонини Афғонистон ва эҳтиром ба ҳуқуқи занон ва ҷомеъаи маданӣ ба хушунат поён диҳанд.Вазири хориҷаи Омрико ҳамчунин ҳимояти кишварашро аз талошҳои давлати Афғонистон барои музокира ва мусолиҳа бо Толибон иброз кард ва аз кишварҳои минтақа низ хост то бо ин раванд ҳамкорӣ кунанд.Нозирон мегӯянд, ҳадафи хонум Клинтон аз сафари кунунӣ ба Афғонистон ташвиқи Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури ин кишвар ба идомаи талош барои музокира ва оштӣ бо Толибон аст.

Хабаргузориҳои хориҷӣ менависанд, пас аз террори Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон, президенти феълии ин кишвар Ҳамид Карзай гуфтушунидро бо ҷунбиши Толибон дигар бефоида унвон карда буд. Ҳамзамон, Ҳилларӣ Клинтон нақши ҳамсоякишварҳоро дар раванди таъмини сулҳ  тавсиф карда гуфт: «Аз Покистон интизор дорем, ки аз талошҳои сулҳ ҳимоят кунанд. Мо аз Покистон мехоҳем, нақши раҳбариро бар ӯҳда бигирад, чун шӯришиёне, ки дар хориҷ аз Покистон низ ҳастанд, таҳдиди ҷиддиро мутаваҷҷеҳи ин кишвар мекунанд».{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!