Бахшҳо

Ҳофизаи таърихиро маҳв накунед!

Соҳибёри ТОЛИБ

Дар хабар хондем, ки дар асоси тарҳи бузурги шаҳрсозии Душанбе се бинои идоракунандаи давлат - Дастгоҳи раёсати ҷумҳур, парлумон, шаҳрдории Душанбе, овоздортарин чойхонаи замони шуравӣ ва имрӯз -- “Роҳат” ва ду театри бузургтарини Точикистон - Лоҳутиву Маяковский хароб мегарданд...

Аслитарин дурдонаҳои таърихи Душанбе, ки сад сол ҳам умр надида, ин қадар ҳаводиси таърихи давлатдории навини тоҷиконро дар худ ғунҷонидаанд, оё чунин осон ба хок яксон мешаванд? Магар ин кори осемасарона нест? Бо вазъи равонии баъзе аз идеологҳои кишварамон хеле ошноем, ҳавасе ба фарҳанги Туркманистон доранду мафтуни ҳусни меъмории шаҳри Ишқобод ҳастанд. Эҳсоси баде нест, агар бе булҳавасӣ мебуд. Дар қиёс ба мо давлатдории худкомаи туркман сиёсати иҷтимоӣ дорад, он ҷо симои шӯравии шаҳр пӯшида, аммо арзишҳои хубе аз сотсиализм побарҷост. Дар кишвари мо ҳардуро нобуд намуданианд; пас аз сотсиализм меросашро. Гӯиё дирӯз чизе набуд, хамааш имрӯз сохта шуд. Мисле, ки идеологҳои коммунист нисбат ба гузаштаи миллати тоҷик хамин тавр рафтор карда буданд. Аммо хотираҳо идорашаванда нестанд. Ёддоштҳои мардум аз рӯзгори хубу бади шаҳр чаро ташвишовар бошад? Майдонҳои Душанбе рақсгоҳ ва размгоҳ буданд. Чун тарсе аз хотироти мардум доранд, он хатаре надорад, агар зиндагии инсонворонаеро таъмин намоянд.

Барои бунёди биноҳои боҳашаматтари маъмурӣ, бигзор бо нақбҳои бехатараш магар ҷойи мувофиқе нест? Хеле қасрҳои муҳташам сохта шуд ва оё идома ҳам қасрсозист? Бале, шаҳр бо шукуҳу шаҳоматаш зебост, аммо аз тирезаи шарқии қасри Миллат, ки меҳмонпазир аст, маҳаллаи куҳдомани Заҳматобод бо хоначаҳои рӯйи ҳам афтода ва тангкӯчаҳои асримиёнагиаш оё наменамояд? Аз лоиҳаи бунёди шаҳр дар домани куҳ чи хабар?

Дуруст аст, дар Душанбе имрӯз биноҳо, боғҳо ва роҳҳои зебое сохтанд. Бояд дид, дӯст дошт ва эътироф намуд. Вале деворе, ки ба мансабдорони имрӯз писанд наомадааст, бояд тахриб шавад? Ин тарҳро метавон ғояи душманони ниқобдори раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон донист. Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсатмадорӣ корнамоиҳои таърихие барои миллат кардааст. Аммо душманони аслиаш ниқобдоранд, услуби душманиашон чунин аст. Акнун мебинем, миллионҳо сомониро, ки бояд ба бунёди корхонаҳо харҷ бишаванд, ба харобкорӣ ва сохтмони қасру ҳуҷраҳои барҳавотар барои мансабдорон сарф менамоянд. Хабар дар оғози фасле овоза шуд, ки мушкилафзояндаи фаслҳост. Ин аст, тариқаи навини асабӣ намудани тоҷикистониён. Пас кӣ мардумро ба зидди давлатдорон иғво меангезад?
Мӯҳр
Шахрванд
Агар шахри наву зебову замонавие бунёд кардан мехоханд, бигзор аз тачрибаи Казокистон ибрат бигиранд, ки пойтахташро аз Алма-ато ба Остона кучонид. Аммо ба хеч вачх бинохои ободу таърихиро набояд хароб сохт...

Бостоншинос
Рости баяд ба торих начандон дури кишвар арч гузошт бояд бинохои ки аз шурави боки мондаан ба руйхати меъморихои тарихи кишвар борид кардашавад чун ин меъморихои ки аз шурави боки мондааст бади чан сол сабаи зиёд шудани сайёхон ба кишвар мешавад

Дангара кулайтарин пойтахти дуюми Точикистон мебошад ин даштхоро бунёд кардан лозим

Ин қадар воҳима кардӣ? Як масъалаи меъмориро ба сиёсату шоҳу вазиру душманкобиву ҳоказо печонда!
Кадом биноеро ки нагирӣ ба касе хотира асту маҳбуб
Хамон биноҳои паканаи магазини Афсона, кинотеатри Ҷомӣ, вазорати хоҷагии қишлоқ, Аппарати президент, ҳукумати шаҳр, аз онҳо бӯи заҳ меояд, ягон бор даромада бин; онҳо нисбати биноҳои зебои боҳашшамати имрӯза нишонаи завқу зиндагии қашшоқонаи солҳои гузашта мебошанд; ба марказ тамоман намезебанд

Устод Айнӣ ва Турсунзода музейҳои худро доранд

Имрӯзҳо бузургон орзу доранд чорабиниҳошона дар "Ҳаят" ва "Шератон" гузаронанд на дар "Роҳат"

Албатта, ягон маҳаллаи шаҳрро мисли ҳамон Заҳматобод дар шакли аслиаш мондан бад намебуд, хос барои хотира аз он рӯзҳои "Хуш"

Худат кайҳо дар ҷои хонаи бобот мансардаддораша кайҳо пӯшидагистӣ, ҳамин хел не?

Аз аппарати президенту, вазорати Қишлоқу кинотеатри Ҷомиву аппарати президент бӯи заҳ ва фарсудагиву фосидӣ меояд

Ба замона ва марказ тамоман мувофиқ нестанд!

Ин қадар воҳима карда масъалаи меъмориро ба шоҳу вазиру душманҷӯиву ҳоказо печондан чӣ лозим?

Худат кайҳо дар ҷои хонаи бобот мансардадораша сохтагистӣ, ё не?

Ҳамон Заҳматободро, лекин чун рамзи зиндагии "Хушбахтонаи он солҳо" мондан бад намебуд

Ин бад аст. Дар Россия шахрхои кухнаро вайрон намикунанд хар сохтмони замонави месозанд дар гирду атрофи шахр оростаанд ин худ васеъ шудани шахр аст бо талаботи замон рохоро васеъ мекунанд. Аммо кишвари мо чи? Аслан шахри Душанбе хурд аст набояд даст ба харобии чандто осорхонахои таърихиаш бизанем агарчи таърихихам набошанд. Бехтар аст ин хамма накшахоро дар гирду атрофи шахр амали кунед роххоро васеъ кунем ин аст талаботи замон.

хамфикр
Сохибёри Толиб ташаккур барои маколаи пурмазмунат, чунки як масъалаи хуберо тахлил намудед ахсан!

Дусти азиз Сохибёр рости гап анна хамин мансабдорони ки мегуед шумо барин чавонони равшанфикро боз душмани давлату миллат мекунанд бачои он ки бояд ту барин ватандусту миллат дустро да кабаташон гиранду кор кунанд ба хотири ояндаи ватани азизамон.......

Бехтарин макола

Darvesh
Ozodagon 1 savol! Oyo Ozodai Emomali ay hami chiz khabar dorad???? Mo dar shakhsiyati U Pesidenti navi Tojikistonroo mebinem... Ozodagon dofi digar fukrhoi maro chop nakarden!!! Ay U bovaR dorum ki bo Radar maslihat mekunad va torikhi 70 soli zamoni Shuravira nigoh dorad!!!! Ozoda mo bo Shumoem!!!!!!!!!!

Чалолиддин
Лапоткаи ин гуруххое, ки дар шафати рохи марказии пойтахт бинохои бесифат сохта омада истодаанд, ба арзишхои миллию фарханги рахм намекунад. Кош офаридгор як бор замини пойтахтро 6,5-7 бал мечунбонид, баъд хукумат эхсос мекард, ки кафолати то 8-9 бал истодагари кардани бинохои баландошёнаи ин замон сохта шуда, дуруги махз аст.

Азиза
дуруст
муқоиса бо биноҳои таърихии Россияю Европа хандаовар
биноҳои таърихии онҳо асрҳо пеш сохта шуда воқеан бузурганд
ягон бор дар театри Маяковский буди? Сарой

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)