Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 апрел 2017, 13:24

Хабарнигори «Озодагон» барандаи ҷойизаи вижаи ҷавонон

18 май 2011, 09:54

Бо мақсади дастгирии ҷавонони боистеъдод  ҷоизаи махсуси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва он барои дастоварду кашфиётҳои ҷавонони мамлакат дар соҳаи адабиёт, санъат, рўзноманигорӣ ва меъморӣ  ҳамасола тақдим мегардад.

Бо қарори мушовараи кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  озмуни кумита дар соҳаи адабиёт, рўзноманигорӣ, санъат ва меъморӣ ҷамъбаст ва ғолибони он муайян  карда шуданд.

Ҳайати ҳакамон дар соҳаи санъат артист - вокалисткаи дараҷаи якуми ансамбли давлатии «Фалак» Матлуба Раҳимова, артист-вокалисткаи дараҷаи олии ансамбли давлатии «Дарё» Нигина Амонқулова, хонандаи синфи 11-и мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе Меҳрнигори Рустам ва роҳбари бадеии ансамбли эстрадии «Ориё»-и кумитаи телевизион ва радио Муҳаммадрофеи Кароматулло ҷоизаро сазовор донистанд.

Дар соҳаи рўзноманигорӣ: хабарнигори ҳафтаномаи «Озодагон» Абдулазиз Восеев, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ватанпарвар» Абдурақиб Қодиров, аъзои ИЖТ Насрулло Тӯйчизода,  мухбири радиои «Садои Душанбе» Абдувалӣ Нодиров ва номзади илмҳои филологӣ  Илҳомҷон  Ҳамидов соҳиби ҷоиза хоҳанд гашт.

Ёдовар мешавем, ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ ва дипломи махсус дар  рўзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23-юми май таҷлил мегардад, сарфароз мешаванд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!