Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:14

Нуланд: Ҳилларӣ Родҳэм Клинтон бо президентҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон мулоқот мекунад

22 октябр 2011, 03:01

Ҳилларӣ Родҳэм Клинтон, вазири умури хориҷаи ИМА шоми дирӯз (21-уми октябр, соати 20-00) вориди Душанбе гардид.


Хонум Клинтонро дар фурудгоҳи пойтахт Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва ашхоси баландпояи ҳукумати кишвар истиқбол карданд. Ҳамзамон, дар маросими пешвозгирии котиби давлатии Амрико, фиристодаи вижаи ИМА дар Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ- Роберт Блейк ва сафири ИМА дар ҶТ- Кеннет Гросс ширкат доштанд.

Виктория Нуланд, сухангӯи Котиби давлатии ИМА бо пахши як баёния ба расонаҳои Тоҷикистон иброз доштааст, ки Ҳилларӣ Клинтон рӯзҳои 22 ва 23 октябри соли 2011 ба Тоҷикистон ва Ӯзбакистон сафар мекунад. Гуфтанист, тибқи нақшаи боздид аз Тоҷӣкистон Клинтон бо президент Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот мекунад. Зимни ин нишастҳо масоили мухталифи марбут ба равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА ва ҳамкориҳои минтақаӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Ба ҷуз ин, вохӯрии вазири умури хориҷаи Амрико бо намояндагони ҷомеаи ҷамъиятиву фарҳангии Тоҷикистон дар бинои «Маркази фарҳангии исмоилия»-и Душанбе низ дар назар аст.

Пас аз ин Ҳилларӣ Родҳэм Клинтон ба Тошканд сафар карда, бо райисҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов ва ҳамтои ӯзбакаш- Элёр Ғаниев дидору гуфтугӯ анҷом медиҳад. Бону Клинтон дар он ҷо аз корхонаи "Ҷенерал Моторз Пауертрейн" боздид карда, шурӯъи "Барномаи соҳибкории технологӣ дар Осиёи Марказӣ" ва "Мусобиқаи Техно-Прайз"-ро эълом хоҳад кард.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!