Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 08:57

НАТО ва ҳампаймонҳояш дар афзойиши маводи мухаддир дар Афғонистон даст доранд

22 октябр 2011, 03:38

Ғарбиҳо бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва маводди мухаддир ба Афғонистон омаданд.


Тӯли 10 соли ишғоли онҳо кишти нашъа ва ҷамъоварии он дар Афғонистон афзойиш пайдо кард, имрӯз НАТО ва ҳампаймонҳои он бояд ҷавоб гӯянд, ки чаро натавонистанд аз афзойиши маводи мухаддир дар ин кишвар ҷилавгирӣ кунанд. Дар ин бора Алӣ Лориҷонӣ, райиси маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, ки бо як сафари кории дурӯза дар Душанбе қарор дошт, зимни мулоқоташ бо устодон ва донишҷӯёни ДМТ иброз дошт. Оқои Лориҷонӣ дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ин гурӯҳҳои низомӣ (НАТО) бо қочоқчиёну ҷинояткорон забон як карда ба кишварҳои мухталиф нашъаро интиқол медиҳанд.

Ҳамзамон, Алӣ Лориҷонӣ раванди густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар бахшҳои мухталифро мусбӣ ва рӯ ба рушд унвон карда гуфт, дар оянда низ Эрон барои Тоҷикистон тарҳҳои бузургеро дар назар хоҳад гирифт. Ба гуфтаи ӯ, донишгоҳҳои Эрон, аз ҷумла, донишгоҳҳои  “Озод” ва “Паёми нур” омодаанд бахшҳои худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кунанд, вале барои иҷрои ин тарҳ ризояти вазорати маъорифи Тоҷикистон лозим аст.

Ёдрас менамоем, қабл аз ин миёни парлумони Тоҷикистон ва Эрон як санади ёддошти тафоҳуми ҳамкории парламентӣ байни Маҷлиси шўрои Исломии ҷумҳурии Исломии Эрон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба тасвиб расид, ки дар зери он Шукурҷон Зуҳуров ва Алӣ Лориҷонӣ имзои худро гузошта буданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!