Бахшҳо
22 окт 2011 04:33Хабарҳои ҷаҳон

Муаммар Қаззофӣ ба қасамаш то дами марг «содиқ» монд

Тавре қаблан расонаҳои хориҷӣ иттилоъ доданд, Муамар Қаззофӣ, роҳбари барканоршудаи ин кишвар дар зодгоҳаш-шаҳри Сирт рӯзи 20-уми октябр ба ҳалокат расид.


Пас аз чанд лаҳза, Шӯрои гузор ва ё ҳукумати муваққатии Либия ҳам ин хабарро тайид кард ва тариқи шабакаҳои телевизионӣ навореро аз макони қатли сарҳанг Қаззофӣ ба намоиш гузоштанд. Сухангӯи Шӯрои миллии гузор Абдулҳафиз Ғога дар шаҳри Бенғозӣ гуфтаст: «Мо ба ҷаҳон эълон мекунем, ки Муаммар Қаззофӣ дар рӯи дастони инқилобгарон ҳалок шуд ва истибдоду диктатураи Қаззофӣ дар ниҳоят ба поён омада, ин фасл барои Либия ва тамоми дунё  итмом ёфт».

Ҳамзамон, сарварони давлатҳои ғарбӣ бо шумули ИМА аз ҳалокати Қаззофӣ истиқбол карда, қатли сарҳангро «поёни замони диктатура ва истибдод» дар Либия хондаанд.   Барак Обама, президенти Амрико, ки аз пуштибонони фаъоли оғози дахолати НАТО дар Либия аст, гуфт, ин ба маънои итмоми як давраи «нохуб» ва пур аз дард барои мардуми Либия аст. Акнун либиягиҳо метавонанд, сарнавишти худро худашон муайян кунанд.  Ба ҳамин монанд, раиси Комиссияи Аврупо Жозе Баррозо, дабири кулли СММ Пан Ги Мун, президенти Фаронса Никола Саркозӣ, нахуствазири Британия Девид Кэмэрон ва дабири кулли НАТО Андерс фог Расмуссен кушта шудани Муаммар Қаззофиро ба гунае «пирӯзии демократия дар Либия» шарҳ додаанд.

Аммо акнун суоли матраҳ ин аст, ки Қаззофӣ «шаҳид» аст, ё «истибдодгар» ва ё «қурбонӣ»-и нави сиёсат? Сарҳанги мақтул, ҳанӯз ду моҳ қабл, аснои нооромиҳо ва   пайкорҳои низомии тайёраҳои НАТО дар Ливия, эълом дошта буд, ки: « Қасам мехӯрам, ки то қатраи хуни охирин ва то дами шаҳодат ва ё пирӯзӣ хоҳам ҷангид». Зимнан, сухангӯи роҳбари Либия ба шабакаи  телевизионии «Ал-Уруба» изҳор дошта буд, ки Қаззофӣ ба ҳеч ваҷҳ Либияро ба чирикиҳо вогузор намекунад ва ӯ омода аст, ки солҳои тӯлонӣ бо онҳо биҷангад, ҳатто агар Либия ба «хокистар» табдил шавад ҳам».

PS: Муаммар Қаззофӣ соли 1942 дар шаҳри Сирт, ки он замон дашти биёбонмонанде буд, ба дунё омадааст. Дар синни 27-солагиаш, ки он вақт унвони капитаниро дошт (соли 1969) аснои як табаддулоти ҳарбӣ шоҳ Идриси 1-ро аз тахт барканор карда, ба сари қудрат омад ва тайи 42-сол зимоми ҳукуматро дар Либия ба даст гирифт. Бино ба навиштаи расонаҳои хориҷӣ Қаззофӣ ба тарҳҳои бузурге, чун сохтани лӯлаи об ба хотири таъмини шаҳрҳои шимоли Либия бо оби ошомиданӣ аз обҳои зеризаминии Саҳрои Кабир кӯшиш мекард, гурӯҳҳои инқилобиро бо пул таъмин мекард. Дар гузаштаи начандон дур, Қаззофиро дар ин минтақа ҳатто «Че Гевара»-и африқоӣ меномиданд. Ҳамин тавр, дар сохторҳои расмии давлати Либия ягон мақоми расмӣ надошт, балки худро фақат “раҳбари инқилоб” мехонд.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)