Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:12

Дидори нахуствазири Тоҷикистон бо Константин Ромодановский

22 октябр 2011, 05:06

Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо роҳбари Хадамоти федеролии муҳоҷирати   Русия Константин Ромодановский мулоқот кард.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, Ромадоновский ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони хадамоти муҳоҷирати давлатҳои узви ИДМ ба  Душанбе омадааст ва алъон дар пойтахти Тоҷикистон қарор дорад.

Манбаъ афзуд, зимни мулоқот масоили марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бахши муҳоҷирати шаҳрвандон ва  ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони корӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифт. Оқилов таъкид кард, ки дар Тоҷикистон ба масъалаи дарёфти роҳу усулҳои наву беҳтари  идоракунии раванди муҳоҷирати кории шаҳрвандон таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад ва  ба ҳамин хотир дар мамлакат сохтори алоҳида оид ба масъалаҳои муҳоҷират таъсис ёфта, «Стратегияи миллии муҳоҷирати кории шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар барои солҳои  2011-2015» қабул гардидааст.

Ҳамзамон, ҷонибҳо аз ифтитоҳи маркази ҳуҷҷатгузории муҳоҷирони корӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия истиқбол карда иброз доштанд, ки кушодашавии як чунин марказҳо дар дигар шаҳрҳои Федератсияи Русия дар раванди ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон амри зарурсит.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ахлиддин

  • 20 июн 2015 17:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кани сабуки барои мухочиро,эй аз Худо бе хабарон

Кани сабуки барои мухочирон?эй аз Худо бе хабарон.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!