Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:11

Қаззофӣ мурд, аммо мубориза идома меёбад?!

22 октябр 2011, 06:45

Ин ҳодиса барои бедории мардуми Осиёи Марказӣ ва умуман кишварҳои пасошӯравӣ, ки қариб тамоми  сарваронашон ҳукуматҳоро умрбоду авлодӣ карор додаанд, бетаъсир набуд ва тавонист хурӯчу ҳаракатҳоеро низ ба миён биёрад.

Бахусус кишварҳое, ки нерӯи аслии меҳнатӣ ва фитриашон феълан дар муҳоҷирату муздурӣ қарор доранду дарбадариву беҳуқуқиашон дар кишвари бегонае мисли Русия кордро ба устухон расонидааст, нерӯҳои мухолифи ҷиддитару комилтарро ба камол расонида истодаанд…

Суолҳо…

Бо ин вуҷуд, ки ҳанӯз марги Муаммар Қаззофӣ тасдиқи расмии худро интизор аст, давраи аслии муборизоти нерӯҳои мухолифи ҳукумати полковник ба анҷом расид. Акнун аз ин ба баъд барои ҷонибҳои даргир  ва умуман барои мардуми минтақа ва ҷаҳон даврони нав шурӯъ шудан дорад. Ин давра чӣ чизҳоеро дар бағал хоҳад дошт? Мекӯшем, то паҳлӯҳои аслии мавзӯъро дар ин мавод пайгирӣ намоем…

Вазъи дохилии Либиё чӣ хоҳад шуд?

Барои ҳамаи мушоҳидони аслии вокеоти Либиё аз сари хат маълум буд, ки муборизоти аслӣ миёни қабилаву кланҳои алоҳида сурат мегирифт, ки бениҳоят нозукона зери пардаи ҳарири панисломистӣ пӯшонида мешуд. Муаммар Қаззофӣ муддати 40 соли ҳукуматаш доиман ва ҷиддан сарварони кланҳоро "калакан" карда меомад. Акнун ки мухолифи аслӣ ва ё худ пардаи оҳанини пешорӯи сарварони кланҳо-Қаззофӣ аз байн бурда шуд, хоҳу нохоҳ онҳо рӯ ба рӯи якдигар як ба яку танҳо монданд, ки зиддиятҳову даргириҳои ҷиддитареро интизор бояд шуд. Зеро мухолифат асосан миёни сарварони иттиҳоду қабилаҳое побарҷо буд, ки як қисм асосан ҳудудҳои аслии конҳои нафтро зери контроли ҳуд қарор дода ва қисми дигаре маҳрум аз ин ҳама сарватҳои Худододӣ буданд. Иловатан, талошҳои ин гурӯҳҳоро барои зери тасарруф нигоҳ доштани марказҳои нигоҳдории нафт ва ё терминалҳои нафтрасон, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти нафти ва ҳамчунин бандарҳои интиқоли нафтро дар ин кишвар наметавон сарфи назар кард. Яъне, ба лаҳни дигар метавон гуфт, ки пароканда ва нобуд шудани давлате бо номи Либиё аз эҳтимол дур нест.

Ҷойи шак нест, ки Ғарб дар давраи аввал  ба хотири тасдиқи дурустии амалоти худ ва солимгардонии нисбии авзоъ, сармояи зиёдеро ба ин кишвар хоҳад рехт ва аммо таври маълум, ин сармоягузориҳо беохир нахоҳанд буд ва интиҳои он дер ё зуд падид хоҳад омад. Баъди падид омадани охири расан эҳтимолияти аз байн рафтани як кишваре дар ҷаҳони араб ва ё ҳадди аққал ҷангҳои бисёрсолаи шаҳрвандӣ дар ин кишвар боз ҳам тақвияти бештар пайдо хоҳад кард.

Оҷизии ҷаҳони араб ва сиёсати панамрикоӣ дар минтақа

Баъди табаддулоти Либиё ва аз байн бурдани ҳукумати чилсолаи Муаммар Қаззофӣ ҷаҳони араб бори дигар пароканда, нотифоқ ва оҷиз будани ҳудро тасдиқ кард. Ҷойи шак нест, ки баъди баркандани режими Қаззофӣ ва интиҳои давраи аввали ҷанги шаҳрвандии Либиё дар минтақа режимҳои проамрикоӣ, ки асосан аксари кишварҳои чаҳони араб ба мисли Либиё, Сурия, Яман, Алҷазоир бар мукобилашон буданд, бартарияти бештар пайдо хоҳанд кард. Акнун иттиҳод ва якдилие, ки барои эътирофи расмии як кишвари дигари мусулмонӣ - Фаластин ва муборизоти дастҷамъона бар мукобили Исроил мебоист побарҷо бошад, боз ҳам душвортару дуртар хоҳад шуд. Аммо коршиносони умури сиёсии ғарб мегӯянд, ин ҳолат ба тақвият пайдо кардани қаноти радикалии ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақа хеле ҳам мусоидат хоҳад кард.

Аз сӯи дигар, аз он ки қисмати аслии аслиҳаву лавозимоти ҳарбии полковник Қаззофӣ ба кишварҳои ҳамсояи арабӣ ва африкоӣ рехта шуданд, метавон ҳадс зад, ки бозиҳои нерӯҳои беруна атрофи Либиё ҳанӯз ба охир нарасидаанд.

Либиё ва Осиёи Марказӣ

Бисёре аз коршиносони умури сиёсӣ дар шурӯъи амалиётҳои мусаллаҳона аз барканда шудани режими Қаззофӣ ҳабар дода гуфта буданд, ки кишварҳое, ки чунин режимҳои бисёрсолаи яккаҳукмрониро роҳандозӣ кардаанд, мебояд аз ин вазъи Қаззофӣ дарси ибрат бигиранд ва барои тағйири куллии ҳукуматҳояшон ва ҳамчунин барои ихтиёран ва аз роҳи қонуниву осоишта рафтан аз сари қудрат иқдом бикунанд. Ва аммо барои мисол сарони аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба истиснои Қирғизистон, ки дар он ҳам баъди 2 табаддулоту инқилоб  ва хунрезӣ ивазшавии ҳукуматҳо ба амал омад, дигарон ҳатто дар ҳукуматҳояшон тағйироти кӯчаке ҳам ворид накарданд. Яъне, воқеоти  кишварҳои араб, бахусус тақдири Либиёву Қаззофӣ пинаки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба  мисли Қазоқистону Ӯзбакистон ва Тоҷикистону Туркманистонро заррае ҳам халалдор накард. Зиёда аз ин, онҳо бо намоиши нерӯву иқтидори низомии худ аз тариқи дастгоҳҳои таблиғотии худ кӯшиши дар дили мардумонашон ворид намудани ваҳму воҳимаро карданд.

Аммо ин ҳаводис барои бедории мардуми Осиёи Марказӣ ва умуман кишварҳои пасошӯравӣ, ки қариб тамоми  сарваронашон ҳукуматҳоро умрбоду авлодӣ карор додаанд, бетаъсир набуд ва тавонист хурӯчу ҳаракатҳоеро низ ба миён биёрад. Бахусус кишварҳое, ки нерӯи аслии меҳнатӣ ва фитриашон феълан дар муҳоҷирату муздурӣ қарор доранду дарбадариву беҳуқуқиашон дар кишвари бегонае мисли Русия кордро ба устухон расонидааст, нерӯҳои мухолифи ҷиддитару комилтарро ба камол расонида истодаанд.  Ин нерӯҳо миёни худ аллакай иттиҳоду ҳамойишҳое доранду барои омодаву закӣ кардани тарафдоронашон лоиҳаву нақшаҳое низ дар баррасиву амал қарор дода истодаанд. Яъне, таъсири воқеоти Либиёву Сурия ва ҳақталошии мардуми кишварҳои арабӣ албатта, ба мардумони кишварҳои атроф таъсир хоҳад кард ва барои бедории  сиёсии онҳо нақши амиқе хоҳад гузошт.

Интизориҳои Ғарб ва оқибати кор

Ҳанӯз давраи аввали муқовимот алайҳи режими Қаззофӣ ба итмом нарасида дар миёни аъзои хукумати гузори Либиё садоҳое барои Ғарб ғайриинтизор баланд шуданд. Аллакай шиорҳои "барои кӯмакатон ташаккур, акнун аз кишвар берун равед", тарҳҳову мақсадҳои  кишварҳои узви паймони НАТО-ро зери суол бурда истодаанд. Шояд мардуми Либиё аз тақдири мардуми Ироқ панд гирифтаанд ва миёнашон ҳастанд нафарони дар ҳақиқат ватандӯст, ки мехоҳанд тақдири ояндаи миллату кишварашонро бо дастони ҳуд бисозанд ва дасти бегонаро аз болои дороиҳои миллияшон бардоранд. Гузашта аз ин, акнун нерӯҳои НАТО-ро лозим аст, ки барои истифодаи яроқҳои атомолуда дар рӯзҳои аввали таҳоҷум болои нерӯҳои Қаззофӣ миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавоб бигӯяд ва ҳамчунин ҷуброни моливу равонӣ низ пардохт созад.

Аммо касе намедонад, ки ҳукумати ҷадиди Либиё чӣ гуна сиёсатеро пеш хоҳад гирифт. Зеро дар зери таъсиру фишори ҷаҳони араб қарор доштану роҳандозӣ кардани сиёсати ғарбгароёна низ барои ин ҳукумати ҷадид хеле мушкил хоҳад буд. Маълум аст, ки на ҳама нозу нузи кишварҳои ғарб аз сӯи ҳукумати ҷадид ба эътибор гирифта хоҳад шуд ва аммо танҳо нотифоқиву оҷизии ҷаҳони араб ва баъди ин ҳама дар қиболи Сурия аз сӯи Лигаи кишварҳои арабӣ таъкидҳову таҳдидҳо ва ҷонибдорӣ пайдо накардани ҳаракатҳои Туркия дар қиболи Исроил аз сӯи ҷаҳони араб барои тақвияти нуфузи Амрико дар ин кишвар замина хоҳад гузошт.

Ва чизи дигар, ки ба ҳамаи ин вақт довар аст. Бале, дар ин ҳаводис низ мисли собиқ «довари ҳақгӯ ҳазрати Вақт хоҳад буд»…

Муҳаммад Рашод{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!