Бахшҳо

Тӯраҷонзода: 90-фойизи пахтаҳои сӯхтагиро барқарор мекунем

Ҳудуди 500 кипи пахта оташ гирифтааст, ки имкони коркарди дубораи онҳо то 90 дарсад мавҷуд аст.


Дар ин бора Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, сиёсатшиноси маъруф ва рӯҳонии шинохта, ки шаби гузашта корхонаи мутаалиқ ба ӯ, ба сӯхтор мувоҷеҳ гашт, ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод. Қаблан хабар дода мешуд, ки ҳар як кипи пахтаи оташгирифта 220-240 килограмм вазн доштанд. Тӯраҷонзода гуфт, пунбаи мазкур аз ду хоҷагии пахтакор харидорӣ гардида, дар сехи коркард қарор доштанд. «Хисороти пешакӣ тақрибан 1,5-2 тон пахтаи коркардшуда мебошад, ки масъулияти баргардониданаш ба зиммаи корхона аст. Тибқи шартнома он чизе ки дар дохили корхона аст, масъулияту  ҷавобгарии молиявияш  ба ӯҳдаи соҳибмулк мебошад»,- илова кард Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.

Тӯраҷонзода ҳамзамон гуфт, паҳлӯи мусбии қазия дар он аст, ки оташсӯзӣ дар анбори нахи тайёр сурат гирифтааст ва байни прессҳо  сухтагӣ нест.   «Ҳамаи инҳоро мо бояд аз сари нав коркард кунем. Шояд 1,5 ва ё ҳадди аққал 2 тон талафот шавад. Аммо ҳоло бидуни ҳисоби дақиқ чизе гуфтан наметавонам, баъди ба тарозу гузоштан маълум мешавад»,- идома дод ҳамсӯҳбатамон.

Барои коркарди 1 тонна пахта хоҷагиҳо ба корхонаи пахтатозакунӣ 90-95 доллари амрикоӣ маблағ пардохт мекарданд. Соли гузашта корхонаи шахсии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода 2400 тонна пахта харидорӣ   карда буд, аммо аз хоҷагиҳо ягон килограмм пахтаро барои коркард қабул накарда буд. То имрӯз ин корхона 2000 тонна пахта харида, 1000 тоннаи онро коркард кардааст.

Маврид ба ёдоварист, оташсӯзӣ дар корхонаи пахта воқеъ дар шаҳри Ваҳдат соати сеи шаби гузашта сурат гирифта, бар асари он ҳудуди 600 баста (кип)-и пахта сӯхта буд. Кормандони мақомоти интизомӣ дар ҳоли ҳозир  сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.{jathumbnail off}

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)