Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:55

«Равшан»-и Кӯлоб дар садри ҷадвали мусобиқоти футболи Тоҷикистон

24 октябр 2011, 09:29

Ду бозии мусобиқоти қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор гардид.


Тавре аз ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, мусобиқа байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Гвардия»-и Душанбе ва бозии даври 38-уми мусобиқа миёни дастаҳои "Шодмон"- Ҳисор ва "Хайр"-и Ваҳдат сурат гирифт. Дар ин сабқат тими «Равшан» бо дастаи «Гвардия» дар варзишгоҳи "Политехникум"-и Душанбе рақобат намуда, бо ҳисоби 6 бар 1 ғолиб омад. Футболбозони дастаи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат дар варзишгоҳи "Ҷавонӣ"-и шаҳри Ҳисор бо соҳибони майдон қувваозмоӣ намуда, ба дарвозаи мизбонон 5 голи беҷавоб заданд.

Пас аз анҷоми ин сабқат тими "Равшан"-и Кӯлоб бо 68 имтиёз аз 30 бозӣ дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро соҳиб шуд. Дастаи "Регар" бо 67 имтиёз аз 29 бозӣ дар ҷои дуввум қарор дорад. "Истиқлол"-и Душанбе, ки ҳамагӣ 22 бозӣ кардааст, бо 58 имтиёз дар зинаи сеюм мебошад. Нишонзанҳои беҳтарин бошанд, Фозил Сатторов аз тими "Равшан" бо 18 гол дар ҷои аввал аст. Комил Саидов аз дастаи ССКА "Помир" ва Габриэл Донто аз дастаи "Энергетик" бо 17-голӣ дар зинаи сеюм, Юсуф Рабиев аз тими "Истиқлол" ва Пирмурод Бурҳонов аз дастаи "Хайр" бо 16-голӣ мақоми сеюмро касб кардаанд.
Гуфта мешавад, даври 35-уми мусобиқа рӯзи 25-уми октябр байни дастаҳои
"Вахш"-"Хуҷанд"  ва рӯзи 26-уми октябр бозӣ миёни дастаҳои "Равшан" ва "Парвоз" сурат мегирад. Бозиҳои дастаҳои "Хайр"- "Энергетик", ССКА"Помир - "Регар" ва "Гвардия" - "Истиқлол" ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!