Бахшҳо

Судя: Султоншоев аз рӯи ду моддаи ҷиноӣ айбдор мешавад (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе парванда алайҳи Асламшо Султоншоев омӯзгори риёзиёти Мактаб-интернати ҷуҳуриявии тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасановро, ки дар латукӯби шогирдаш Муҳаммадҷон Сулаймонов муттаҳам мешавад, ба баррасӣ гирифтааст.

Тавре Алиҷон Ҳамдамзода, раисикунандаи мурофиаи мазкур ба “Озодагон” иттилоъ дод, Султоншоев аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ-моддаи 174 -иҷро накардани ўҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ ва моддаи 316 - баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ айбдор мешавад. Ба мурофиаи нахустини Асламшо Султоншоев, ки имрӯз, 10 ноябр баргузор шуд, масъулин ба далели камбуди ҷой журналистонро роҳ надодаанд. Хабарнигори "Озодагон" мегӯяд, шоҳидоне, ки баъди суолуҷавоб аз мурофиа баромаданд, аз Султоншоев тавсиф намуданд, ки хоксор ва омӯзгори таҷрибадор аст.

Додрас мурофиаи навбатиро рӯзи 13-уми ноябр таъин кард.

Моддаи 316-и Кодекси ҷиноӣ, ки Асламшоев аз рӯи он айбдор мешавад, ҷазо аз ҷаримаи камтарин-250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо(10 ҳазор сомонӣ) то 10 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст. Моддаи 174 пешбинӣ кардааст, ки иҷро накардани уҳдадорӣ аз сӯи омӯзгор, "агар бо муносибати бераҳмона нисбат бо ноболиғ алоқаманд бошад, - бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад".

Қазияи латукӯби Муҳаммадҷон Сулаймонов аз сӯи Султоншоев баъди нашри як навори 15 сониягӣ дар интернет вирди забон шуд. Дар навор, ки зоҳиран пинҳонӣ аз ҷониби яке аз шогирдҳо дар телефони мобилӣ сабт шудааст, устод бо изҳори нороҳатӣ аз дермонии талаба ба рӯи шогирд шаппотӣ мезанад.



“Малим назанед, туалет рафтем, нарем маллим?”-мегӯяд шогирд, ки боз як зарбаи дигар мехӯрад. Аксарияти корбарони интернет ин амали омӯзгорро маҳкум карда, таъкид намуданд, ки гарчанде ҷабри устод аз меҳри падар беҳ аст, ҳадду меъёр дар муносибат бо шогирд бояд нигоҳ дошта шавад.

Ин навор рӯзи 9 октябр ба интернет роҳ ёфт, вале худи қазия 17-уми апрели соли равон сурат гирифтааст.

Волидони Муҳаммадҷон Сулаймонов эълон карданд, ки алайҳи устоди фарзандашон даъвое надоранд, зеро баъди “сахтгирӣ”-ҳои Султоншоев рафтори фарзандашон хуб шудааст.

Ҷузъиёти бештар аз қазия дар ин сафҳа нашр хоҳад шуд
Мӯҳр
Асадулло
на кам аз 10 сол суд шавад барои дигар омузгорон дарси ибрат шавад

Асадулло
чунки ончо чои омузиш ва тарбия хаст на ин ки "РИНГ"

Илхом
"на кам аз 10 сол суд шавад барои дигар омузгорон дарси ибрат шавад" Ту бетарбия садкаи муаллим шави.Гуё, ки муаллим чинояткори ашади бошад.Агар аклу фаросати дуруст медошти чунин гап намезади. Агар муаллим набошад, чамъият чи хел пеш меравад.Бетарбия

Асадулло
Илхом
т бетарбия ва бесаводи малим ки талабара зад аз он малим талаба гайр аз задан дигар чизе намеомузад агар надони дон ки задан чиноят хаст фахмо Ботарбия

Устод бояд чунин рафтори сахт намекард, лекин бояд фаромуш накард, ки агар сахтгирихои устодон набошад, шогирдон бепарвою бефаросат шуда мераванд. Барои фарзандони мо мардуми табармусулмон бояд муносибати чидди бошад вагарна..... Дуюм ин ки кадом падар ё модари точик фарзандашро боре хам назадааст. Устод хам падар аст.
Кадри устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Хохишмандам омузгоронро маломат накунед...
Асламшо Султоншоев бо вучуди онки чунин рафтор кардааст, бояд ба махкама кашида нашавад, бовари дорем, ки чунин рафторро дигар такрор нмекунад

ки шумора агар назананд одам намешавен.моро хам дар вакташ задан лекин инхели падар лаънати набуд.
Асадулло,
Асадулло,

Як чиз мегуям кори муаллим барои ингуна талабаxо кам аст, чомеаро дида нависед фариштаxо мисли ин ки гуё аз ин гуна сагераxои бетарбия огоx нестед. Як соат бо ин талабаxои душвортарбия нишинед баьд асабxотон восполений гирад мефаxмед, нозукxои зебо)))))))))

Ассалом.Бо ин, ки навор оммави гардидаст худ чазост барои муалим.Ташаккур ба волидон,ки даъво надоранд.Навор чанбаи тарбиявиро дорост:ибратомуз аст барои дигар омузгорон.Бояд муаллим бахшида шавад.

Гунахкор хаст, вале даъвогар нест. Вакте даъвогар нест ва ё агар даъвогар аз даъво даст кашад, бояд тибки конун парванда баста шавад.

Точикистони
Шаппоти задани ин муаллимро бин!! Ин нишонаи касали буданро нишон медихад. Фикр мекунам инхел касалихо дар омузгори рох дода нашавад.

Устоду муаллим чу бувад беозор.
Хирсак бозанд кӯдакон дар бозор

Подшоҳе писар ба мактаб дод
Лавҳи симин дар канораш ниҳод
Бар сари лавҳ навишта бо зар
Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар

Салим
Э-э-э агар бачахои хозираро хамин хел сахт нагиранд, хич касро гуш намекунанд. Хайр чй? Ду шапотй задааст, дунё чаппа нашудаст ку! Бинед волидонаш хурсанд, ки бачаашон боодоб шудааст, баъди гушмоли устод.

Ман тарафдори рафтори муаллим алайхи чунин талабахои беодоби мактаб хастам, чун ки дар шароити имруза бетарбия мондани фарзандро факат ба сари муаллимони бечора мезананду тамом. Хол онки баъзе волидонашон харруз онхоро зери лату куб, дуову дабара ва хакорат карор медиханд. Агар устод онхоро сахт нагирад аз кучо онхо одами ботарбия мешаванд. Ин амали муаллим аз кадим омада истодааст. Ба ёд оред мактаби кухнаи Садриддини Айниро, Шерозиро, Фирдавсию дигарро, ки номи онхо холо хам номбардори ватану миллати мо аст. Хуб мешуд муаллимро ба махкама кашида нашавад.

Shikorchi
Kasbi az hama pasti be maosh hozir in kasbi omuzgori ast!!!!!!! Pas az sudi chunin ustod! Hama omuzgoriram tark mekunand!!!! KHUSH OMADED BA MUHOJIRAT USTODON!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)