Бахшҳо

Нигаронии Аслов аз қатли Шоираи 22-сола дар пойгоҳи 201-и Русия

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз Русия талаб кардааст, ки қатли Шоира Ҷобирова, ҷавонзани 22-солаи тоҷик дар қаламрави пойгоҳи низомии 201 дар Душанбе воқеъбинона таҳқиқ шавад.

Тавре аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Сироҷидин Аслов рӯзи 10-уми ноябр дар мулоқот бо Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон аз қатли Шоира Ҷобирова дар ҳудуди пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки ҳодисаи рухдода ба руҳияи дӯстии анъанавӣ ва шарикии стратегӣ байни ду кишвари мо ҷавобгӯ намебошад.

Манбаъ мегӯяд, дар анҷоми вохӯрӣ ба сафири Русия Ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон супорида шуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Русия талаб менамояд, то ба ҳодисаи рухдода баҳои воқеъбинона дода, ҷиҳати роҳ надодан барои такрор шудани чунин рафторҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд».

Қаблан мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз боздошти Иван Шербаков, лейтенанти калони пойгоҳи 201-и Русия хабар доданд, ки дар қатли Шоира Ҷобирова муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ ҳодисаи куштор 5 ноябр дар хобгоҳи афсарони пойгоҳи 201 рух додааст.

Шербаков дар бозпурсӣ изҳор доштааст, ки маст будааст ва он шабро ёд надорад: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
Чи ширмандагие,зани мусулмон дар хобгохи руссхо.

tojik
AVVAL SALOMU DURUDI BEPOEN BA HAMA...BAD GUFTANIYAM KI VAKTE INXEL GAPHORO MESHUNAVAM DILAM MEKAFAD..BALE MO RUSHORO GUNAHGOR MEKUNEM...LEK DAR ASL SARSHAVII KORRO FAROMUSH MEKUNEM...KI XUDI MO GUNAHGOREM...OE SAVOL NAMEDIHED KI ZANI TOJIK CHI XEL POIGOH AFTOD..MALUM U XUDASH BA NAZDI RUSHO RAFTAAST...TO CHI DARAJA NOMUS GUM SHUDAAST KI XUDRO BA RUSHO FURUXTAAST...E U AZ OSMON BA POIGOH AFTOD...HAIFI ZANI MUSALMON..

фавран макоми дахолатнопазириашро лагв намуда, уро тибки конунхои Чумхурии Точикистон чазо дихед

Инашхам мисли дигарош ббахшен хапкнен хукуматдоро яке бо путин хафа наша робитара бархам натен барои як занак хичгап надора якзанаку як кудаку чанд хазор мухочир барои шмо хеч чиз аст мухим дусти канда нашавад. Бтенш пойгохи 201 росия бараш хдшон мухокимаш кнан 50рублкати озодш мекнан. Зиндабод дусти.

ек
Ба хобгох ба назди алкаш рафти, чазота гирифти.

гринбир
О дар хобгохи русхо шабона чи мекобад зани мусулмон??ман хайрон

ЯК ТОЧИК ДАР РОСИЯ ПРОБЛЕМА НАКАРДА БАХАР БАХОНА БА ЧАВОБГАРИ МЕКАШАНД, ИН ИВАН ЗАНИ ТОЧИКРО КУШТААСТ АЗ МАКОМОТХО ХИШ КАРДА МЕШАВАД КИ ЧАЗОЕ,КИ ЛОЗИМ МЕОЯД РИОЯ НАКАРДА ЧАЗОЯШ ДИХАНД

ахмад
бародар Ахмад! ту аз макомоти рус хохиш кун, ки ба у чазои сазовор диханд. Зеро у хукуки дахлнопазири дорад ва агарчи чиноят дар худуди Точикистон рух дода бошад хам, уро на макомоти точик, балки макомоти Россия тибки конунхои Россия чазо медиханд ва хабсро низ дар Россия мегузаронад.

201 дивизияро дар Точикистон рох надихем

Бештагр.
Агар як дутоша аз руйи конуну койидайи ТЧ-баройи чинояти содиркардаашон понздах шонздахсоли медоданд,минбад ин афсарони рус дар кучахо ба хама дасто пеши бар салом алейкум гуфта мегузаштанд ва даст ба ин гуна чиноятхо намезаданд.Акнун имунитет доем гуфта худашон шоху табашон везир хаст.

Сафар
Касоне ки савол мегузоред ки шабона ин духтар дар хобгохи русхо чи кор мекард? Гуфтаниам ки ин ахмактарин саволе аст ки медихед. Боз духтари точикро гунахкор мекунед. Чаро як бор намепурсед аз хукуматдорон ки пойгохи 201 давлати бегона дар байни хонахои истикомати он хам дар пойтахти точикистон чи кор мекунад? Чаро намепурсед ки чаро сарбозони ин пойгох масту аласт дар байни хонахои мардум мегарданд духтарони точикро мебахшед ба хамхобаги даьват мекунанд касе гап зада наметавонад. Чаро намепурсед ки ин чандумин катлу чиноятест ки дар на камтар аз як сол аст ки сарбозони ин пойгох анчом додаанд? Чаро намепурсед ки духтари точикро кӣ ба ин руз расонд ки пеши як рус равад? Чаро намепурсед ки ин беғайратиро кӣ бар сари тоҷик овард? Чаро намепурсед, ки оё ин духтар бо пои худ рафтааст ё ӯро маҷбурӣ бурда чанд нафарашон таҷовуз кардаанд? Инки ин рус мегуяд маст будааст Дурӯғи калон аст ки ба ӯ машварат додаанд, чунки бо ҳамин баҳона халос мешавад.
Чаро намепурсед, ки кӣ аст боз дар ин масъала худи тоҷикро гунаҳкор мекунад? Магар ин ҳамон касоне нестанд, ки русҳоро шарики стратегӣ медонанд ду миллион тоҷикро ғуломи русҳо кардаанду духтари тоҷик дар марказ ва пойтахташ аз ҷониби афсари пойгоҳ таҷовуз мешавад боз гуноҳро ба гардани худи тоҷик бор мекунанд. Тоҷикро нобуд кардед номуси тоҷикро беарзиш кардед ғайрати тоҷикро куштед магар боз худро одам меҳисобед.туф ба ин шумо....

Шмо Макомотдорони Точикистон Хатояторо Фамиден .Чинояткори Русро ба Конуни Русияа Суд Мекнан.На Баконуни Точикистон .3 еки 4 солаш метан Расияа роишкардан чавобаш метан.Шмо бошед Шайтонсифато.Илтимос Чопкнен Озодагон

Dev
Сафар,
Sad dar sad tarafdori suhanotam!

Абдуллох
бояд пойгохи 201-русияро аз точикистон сур кард! Умари 5мохаро куштан боз ин духтарро дар Ватани худамон куштаанд!

мухочир...
дар руссия мекушанд,дар ватан мекушанд боз мегуянд шукрона кунед...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)