Бахшҳо

АКСУ ВИДЕО: Бозёфти ҷасад дар кӯза ҳангоми шудгор дар Истаравшан

Рауф Мазбутов, як сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми шудгори замини боғаш кўзаеро пайдо кардааст, ки дар дохилаш ҷасад доштааст.

Эгам Ҳоҷиев, раиси деҳаи Сандағундаки шаҳри Истаравшан, бо тасдиқи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, 12-уми ноябри соли равон дар боғи Мазбутов Рауф, сокини ҳамин деҳа кўзае пайдо шудааст, ки дохилаш ҷасад будааст: «Мо ба осорхонаи вилояти Суғд доир ба бозёфти мазкур рўзи 14-уми ноябр тариқи телефон муроҷиат намудем ва онҳо гуфтанд, ки рўзи душанбе ба деҳаи мо меоянд».

Рауф Мазбутов, бошандаи 44-солаи ҳамин деҳа дар як сўҳбати телефонӣ ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, 12-уми ноябр, тахминан соати 12:30 дақиқа ҳангоми шудгори замини боғ бели ў ба як чизи сахте расидааст: « Баъдан, пораи кўзаеро пайдо кардам ва шавқманд шуда, ба кофтан сар кардам, ки як хуми калон баромад. Сипас, онро тоза карда, аз дохилаш скелети одамро пайдо кардам. Аввал, косахонаи сар ва баъдан, қисмҳои дигари устухонро ёфтам».

Ҷаноби Мазбутов афзуд кўза шикастагӣ набуд, танҳо қисми болоии он осеб дида буд, аммо зимни шудгор ӯ надониста кӯзаро шикастааст. Ин сокини Истаравшан илова намуд, ки заминашро тақрибан 15 сол пеш гирифтааст ва аз рўйи гуфтаи солхӯрдаҳо, дар ин майдон 100 - 200 соли ахир қабристоне набудааст.

АКСУ ВИДЕО: Бозёфти ҷасад дар кӯза ҳангоми шудгор дар ИстаравшанАкрамҷон Табуров – омўзгори фанни таърихи мактаби №17-и деҳаи Сандағундак, дар робита ба ин бозёфт мегӯяд: «Ин албатта тадқиқотро талаб мекунад. Ин бозёфте, ки ҳоло мо шоҳид гаштем, ҷасад дар дохили кўзае, ки ҳаҷман калон асту тахминан зиёда аз 1 метр баландӣ дорад, тибқи расму русуми дини Ислом тамоман қобили қабул нест».

Табуров мегӯяд, ба хулосае омадан мумкин аст, ки ин бозёфт аз тамаддуни исломӣ пештар буда, шояд ба асрҳои IV-V пеш аз милод ва ё аз он ҳам пештар тааллуқ дорад: “Чун кўзае, ки мо имрўз дар ин ҷо дидем, комилан тарзи кўзасозӣ ва зарфсозии асрҳои пеш аз исломиро ба мо нишон медиҳад ва албатта, инро агар олимон тадқиқ кунанд, мумкин як бозёфти аҷоиби илмӣ дар Тоҷикистони мо шавад”.

Аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба «Озодагон» гуфтанд, ки аз кўзаву макони дарёфти имрӯз, 16-уми ноябр боздид хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки ҳанўз дар оғози моҳи апрели соли 2014 сохтмончиёни тоҷик зимни бунёди манзили истиқоматӣ дар ҷамоати Қалъаи Манораи шаҳри Истаравшан кўзаи пурганҷеро ёфтанд, ки 1461 тангаи қадимии мисин дошт. Пас аз ташхиси мутахассисони Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, замони истеҳсол ва арзиши тангаҳо муайян гардида, онро ба давраи «Шайбониён» муталлиқ донистанд.

АКСУ ВИДЕОҲОИ БОЗЁФТ ДАР ИСТАРАВШАН:

Мӯҳр
сокин
Афсус кузаро шикастанд. Куза агар буткн мебуд, боз як арзиши таърихи-фарханги аз махзани гузаштагон барои мо ёдгори мемонд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)