Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:03

Ҷойизаи байнулмилалии «Таҳқиқ ва кашфиёт» насиби ҳамватани мо шуд

25 октябр 2011, 05:10

Бобомуло Бобомуллоев, олими тоҷик барандаи ҷойизаи байналмилалии «Иттиходи муколама-2011» эълон гардид.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати маорифи Тоҷикистон иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ, дар ҳамойиши У1-уми зиёиёни  эҷодкору илмии давлатҳои узви ИДМ, ки 21  октябр дар  шаҳри Киев баргузор гардид, ба корманди илмии институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографии АУ Тоҷикистон ин мукофот дар бахши «Таҳқиқ ва  кашфиёт» супурда шуд.

Манбаъ афзуд, имсол мутахассисони  соҳаи  ҳифзу  тарғиби  мероси  моддию  ғайримоддии  фарҳангии  кишварҳои  аъзои  ИДМ барандагони ин озмуни   байналмилалӣ гардиданд. Форуми мазкур дар Донишгоҳи миллии ба  номи  Тарас  Шевченко сурат пазируфта, дар маросими ифтитоҳ ва ҷараёни он, ҳайати Тоҷикистон  бо  роҳбарии  вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов, президенти АУ ҶТ Мамадшо Илолов, раиси  Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ва дигар масъулини ҳукумату сарварони донишгоҳҳои олии кишвар ширкат доштанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!