Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:58

Садамаҳои нақлиётии марговар дар Данғара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

25 октябр 2011, 05:15

Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар вилояти Суғд пиёдагарди 47- сола ҷони худро аз даст дод.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз раёсати БДА иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, шоми дирӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров    сарнишини нақлиёти тамғаи номаълум, аснои ҳаракат дар кӯчаи «Якуми май» бехатарии ҳаракатро риоя накарда, пиёдагард Дониёр Абдусамадови 47- соларо пахш намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ гирифта дар касалхона ба ҳалокат мерасад. Пас аз гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ маълум гардид, ки ин ҷиноятро ронандаи мошини тамғаи «МУСО» Саламшо Неҳмонови 40- сола содир намудааст.

Манбаъ афзуд, нимаи дуюми рӯзи 23-юми октябри соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи «Део Сиело» Дӯстназар Сатторови 26-сола аснои ҳаракат дар километри 126-ум аз самти шаҳри Душанбе суръати воситаи нақлиётро зиёд намуда, дар наздикии деҳаи «Булёни поён»-и ноҳияи Данғара аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро чаппа мекунад. Дар натиҷа худи ронанда ва мусофир Ҷовидон Тағоеви 17- сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта ҳангоми ба беморхона интиқол ёфтанашон ба ҳалокат мерасанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!