Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:16

Ҳуқуқи муаллиф дар Тоҷикистон мавриди баррасии ҳукумат ва масъулин қарор мегирад

25 октябр 2011, 05:30

Рӯзҳои 27 ва 28 октябри соли равон дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар мавзӯъи “Қонунгузории  Тоҷикистон оид ба  ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои иҷрогарон” семинар-машварат баргузор мегардад.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, мақсад аз гузаронидани ҳамойиши мазкур ҷилавгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи муаллиф, ҳамкории мақомоти дахлдоре, ки бевосита бо пешгирии вайрон кардани ҳуқуқ дар ин соҳа фаъолият мекунанд, мебошад.  Барои беҳтар намудани ҳифзи манфиатҳои  муаллифон ҳангоми истифодаи асарҳои онҳо, омӯзиши санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрие, ки муносибатҳои байни муаллифонро ба танзим медарорад, ҳифзи моликияти  зеҳнӣ,  ҳаллу фасли мушкилоти соҳа  ва дигар масъалаҳо, барасӣ карда мешавад.

Дар семинар намояндагони вазорату муассисаҳое, ки бевосита бо пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ саҳм мегиранд, намояндагони иттифоқҳои эҷодӣ, муаллифон, композиторон, кормандони нашриётҳо ва истифодабарандагони асарҳо ва ғайра иштирок намуда, баробари баланд бурдани дониши ҳуқуқӣ оиди беҳтар ба роҳ мондани кор дар масъалаи ҳимояи ҳуқуқи муаллиф андешаронӣ менамоянд. Гузоришдиҳандагон дар бораи нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура, гумрук, судҳо ва дигар самтҳои фаъолият сухан карда, оид ба он тадбирҳое, ки барои беҳбуди кор андешида мешаванд, ибрози назар менамоянд. Масъалаи дигаре, ки дар ин семинар мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор мегирад, мутобиқати муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ба талаботи Созишномаи савдо оид ба ҷанбаи ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ, ҳуҷҷати Созишномаи умумиҷаҳонии савдо мебошад. Мутахассисон доир ба мутобиқ намудани қонунгузории  Тоҷикистон бо муқаррароти Созишномаи умумиҷаҳонии савдо таклифу пешниҳодҳодҳои худро иброз  медоранд,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!