Имкониятҳои борбардории тайёраҳо, ки ҳамарӯза аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои гунонуни Русия парвоз мекунанд, пурра истифода нашуда истодааст.
Рустам Холиқов, коршиноси масоили иқтисодӣ ҳисоб кардааст, ки ҳар ҳафта аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои гуногуни Русия ҳудуди сад парвоз анҷом дода мешавад, ки дар ҳар парвоз бори тайёраҳо аз меъёр ҳудуди 1 - 2 тонна камтар аст. Холиқов истифодаи ин имкониятро барои содироти меваҷот аз Тоҷикистон хеле қулай арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи Холиқов, ба меваи Тоҷикистон ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори хориҷӣ талаботи рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст ва барои қонеъ намудани талабот ӯ роҳандозии низомҳои наву муосири мевапарвариро дар Тоҷикистон зарур меҳисобад. Ӯ аз таҷрибааш мегӯяд, ки тавонистаанд, бо навниҳолҳои аз Фаронса овардагӣ, баъди ҳамагӣ 18 моҳ аз ҳар гектари боғи навбунёд 8 тонна ҳосили себ гиранд.
Мушкили рушди мевапарвариро бо низоми нав, Холиқов андозбандии Тоҷикистон меҳисобад, ки аз ҳар навниҳоли муосири аз хориҷа воридшуда, 23,9 фоиз андози воридотӣ меситонанд. Ӯ зарур меҳисобад, ки андозбандии ин бахш дар Кодекси нави андоз умуман барҳам дода шавад, ё ҳадди ақал коҳиш дода шавад, то сармоягузорӣ ба соҳа густариш ёбад.{jathumbnail off}
Мӯҳр