Бахшҳо
26 ноя 2015 15:00Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Устоде, ки донишҷӯю тағояшро дашном дод, аз кор озод шуд

Саъдулло Ситамов, номзади илмҳои физикаю математика, устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки бо алфози қабеҳ донишҷӯёнро дашном дода буд, аз кор озод гардид.

Дар ин бора манобеи "Озодагон" аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа хабар доданд. Номи Саъдулло Ситамов баъди нашри навори дашномдиҳияш дар интернет вирди забонҳо шуд. Навори дашномдиҳии Ситамов, ки 20 ноябр дар интернет нашр гардид, ба иттилои масъулини маориф соли гузашта сабт шудааст.

Ин навори 1 дақиқаю 40-сониягӣ, ки зоҳиран тариқи телефони мобилӣ пинҳонӣ сабт шудааст, аз аввал то охир дашномҳои қабеҳро дар бар мегирад.

Навор аз он оғоз меёбад, ки зоҳиран муаллим аз ифшои як гап нороҳат шудааст: “Кӣ гуфт? Кӣ гуфта бошад? Наход падарлаънат нисбат ба муаллим ҳамин хел гӯӣ? Ман як шухӣ кардам”-гӯён омӯзгор дар идома дашном медиҳад.

Дар хитоб ба донишҷӯён омӯзгор афзуд, ки “инсон набошам, ҳамин хел ай думум мегардед, зора мекунед” ва илова намуд, ки “тағои овардагитона ҳам фалон мекунам”.

Устод зоҳиран бо ишора ба мавсими имтиҳону санҷишҳо изҳор медорад, ки “туалет ҳам меравӣ, меоянд, ки муаллим як баҳои 3 бимон”.

“Наход муаллима ҳамин хел гап гӯӣ”- гӯён омӯзгор тарбиятгари донишҷӯёнро низ дашном медиҳад.

Дар пайи роҳ ёфтани ин навор ба интернет корбарон муомила ва дашномдиҳии қабеҳи омӯзгорро маҳкум карда, қисмеяшон таъкид намудаанд, ки чунин шахсон набояд ба низоми маориф роҳ дода шаванд.
Мӯҳр
Малимои математика аз худ рафтагиян дар донишгохо хамаро бачон овардаанд. Яктоаш дар донишгохи милли дарс медихад бенихоят малими паст аст барои бахои 3 сад сомон мегирад дарсашро хуб намегузарадки донишчу фахмад ба саволххо чавоб намедихад коре мекунадки пул пул канад. Бахудо чораи амура бинеки донишчуёра псих кадагияй мебиниш нафратт миёя дарсам намефорат бенихоят харомхри паст аст

Omuzgor
рахматчон,
Biyo 2 savolut metam agar donisti zur agar nadonisti mada 1000$ meti

Рахматчон.Як Навораш Бигир Муалимеки Рафтори бад дорад Пул Меситонад.Чоинхо Зиндон Хаст

Мусофир
Навори ин устоди боғайратро дар кучо дида метавонем,бисёр мехоҳем қаҳрамонро бубинем!

xfd
Хама омузгоронро чунин бахо додан мумкин нест хастанд омузгороне ки содикона хизмат мекунанд

Хохиш хамон муаллиме ки пул мегира бе асос ё асос дорад ба фикрам бе асосашро номашро нависед ки будай ки 300с мегираду дарс намегузарад

Ман сад дар сад мутмаинам ,ки ин кор махсус ташкил карда шудааст.Яъне боз аз чониби хамин дутову се тан касифи бетамйизе зери унвони "донишчуй" Ман аз чунин коракхо хуб огахам.Солиёни донишчуии мо низ хамвора чунин харомизодахо ,ки аксар фарзандони шахсиятхои мансабдор буданд,бо устодони калонсол хеле беэхтиромона ва тамасхуромез муносибат мекарданд. Ин муаллими бечора ,ки муйсафед хам хаст,малаки беайб нест.ки дар баробари мазоху тамасхури ин туда тиррончакхои харомизода тахаммул кунад.Хар касе бошад,дар чунин маворид аз кунтрул хорич мешавад ва чи гуфтану карданашро намедонад.Чазо муайян намудан барои ин муаллим камоли ноадолатист..Ман ба хеч вачх дашному тахкир намудани устодон шогирдонро чонибдори намекунам.Аммо бо сабабхои дар боло зикрнамудаам,рафтори муаллими мазкурро ПОСУХИ САЗОВОРе ба он харомизодахои бетамиз мешуморам ки уро водор ва мачбур кардаанд.

Абдукодир
Муаллима ҷазо додан нағз, донишҷӯёне ки ҳаққи масхара кардани муаллимро надоранд чаро ҷазо намедиҳанд? Муаллим ҳақ надорад дашном додан, чи талабаҳо кати донишҷӯхо ҳақи масхара кардану нописанди кардани устодро доранд? Вай
Талабаҳо ҳам кати донишҷӯхо ҳақ надоранд гам тиян муалимро мачбур мекунан. Донишҷӯхоро ҳам ҷазо тиен пеш кунен ай донишгоҳ ва дар ВАО бароранд то ба дигарҳо ибрат шаваду устодонро эҳтиром кунанд.

Шахбоз
рахматчон/ аз донишчуи бесавод сум кадан хубай. дар мактаб намехона. донишчу мешава дигар донишчухора ай дарс мегрезона (эээ биё брем хона чо мекни и дарса). ВАКТЕ САВОД НАДОРЕН чиба донишчу мешену малимора гам метен. Бзанен брен РАСИЯ. Дар 4 сол хам хона месози хам зан мегири, агар дар мактаб карат карата аз ёд карда боши бизнесмени хуб мешави.

Хама устода запись карда интернетба партоед чанд соли дигар ранги ГОВ мегардед.

шохрух
Базе омузгорону мансабдорони макотиби оли бисйор аз худ рафтаанд. ман худ ки донишчуи донишкадаи кухи металлургии точикистон мебошам бисйор тахкири муаллимонро мушохида кардаам. донишчуйон аз тарси он ки онхоро хорич накунанд лаб намекушоянд ва тахкири муаллимонро тахаммул менамоянд.

Истиклол
Омузгор дар ин чо айбдор нест, хамаш айби донишчуй. Кадом муаллим сахтгир бошад, бо хамин тарз аз рахашон як тарафа мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)