Бахшҳо
25 ноя 2015 12:15Тоҷикистон / Иқтисодӣ

40 сомонӣ-фарқ байни қурби ошкору пинҳони $ дар Душанбе

Як доллари амрикоӣ, ки арзишаш дар лавҳаи саррофиҳои шаҳри Душанбе 6,75-6,77 сомонӣ нишон дода шудааст, амалан ба ивази 7,15 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Хабарнигори “Озодагон” имрӯз, 25 ноябр зимни боздид аз нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт дар маркази Душанбе муайян намуд, ки саррофон як долларро ба ивази 7,05 сомонӣ харида, 7,10-7,15 сомонӣ мефурӯшанд.

Ин дар ҳолест, ки одатан саррофон қурби долларро дар пайи поёнравии қурби рубл боло мебурданд. Аммо тайи як ҳафтаи охир қурби рубл низ поён нарафта, баръакс боло рафтааст. Аз ҷумла 1000 рубли русӣ, ки ҳафтаи қаблӣ ба 103-105 сомонӣ баробар буд, имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт ба 106-108 сомонӣ баробар шудааст.

Қаблан Бонки Миллии Тоҷикистон, ки қурби долларро дар бозори нақди кишвар худаш муайян мекард, эълон намуд, ки аз 26 октябри соли 2015 қурби долларро боз худи ташкилотҳои қарзӣ муайян мекунанд. Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон иброз намуд, ки вазъи бозори нақдӣ ва фаъолияти муассисаҳои бонкиро, ки ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд машғуланд, ҳамарӯза назорат хоҳад кард: “Дар ҳолатҳои ҳаннотӣ ва аз ҷониби онҳо беасос баланд кардани қурб, алайҳашон дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳои қатъии таъсиррасонӣ андешида хоҳанд шуд”.
Мӯҳр
"40 сомонӣ-фарқ байни қурби дуруғу рости $ дар Душанбе". Агар сарлавхаро чунин монед дурусттар мешавад))))))))

Tavajuh
Qurbi $-ro tashkilothoi qarzi ne!!! Balki savdogaroni eki az khorij mahsulot vorid mekunand onho muayan mekunand!!!! Vot tupizm ha

шахрванд
баланд шудани курби доллар ин аз хама пеш айби бонки милли Точикистон ва хизмати хирсонаи ин банк мебошад. Агар ахамият дода бошед, аз рузе ки ин банк ба нуктахои мубодила асъор ичозат дод, ки курби долларо худатон муайян намоед, дар як муддати кутох курби доллар чунон баланд бардошта шуд. ки хочати гап нест. Пеш аз ин нуктахои мубодилаи асъор ба маблаге ки долларро мехариданд 50 дирам ва аз хама зиёд 1 сомони гузошта мефурухтанд. Хозир бошад ба он камаш 5 сомони ва зиёд 10 сомони гузошта фурухта истодаанд, ки ин беинсофист. Дар чояшон нишаста бе мехнат, пули бедарди миёнро ёфта истодаанд. Бояд ки банки милли карор кабул намояд ки аз маблаге ки долларро мехаранд ба болои он 50 дирам ва аз хама зиёд 1 сомони гузошта нуктахои мубодилаи асъор фурушанд. Дар холати вайрон намудани ин талабот ин нуктахо мубодилаи асъор махкам карда шуда ин шахсон чавримаи калон карда шавад.

Муаллим
То моҳи март бар ивази 100 доллар наздики 800 сомонӣ мешавад!

nabi farhor
Ин худаш чи гап бошад,галстукхоро танг баста,рафта меоянд.Худро раиси бонк мехисобанд аммо бенатича.Аз соли 2014-то -2015 100$-то 200сомони боло рафт.Дар давлати Арабистон фаркият 2-сомонист.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)