Бахшҳо

Зуҳуров дар бораи раҳбароне, ки бояд ҷойро холӣ кунанд...

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон хостори содда кардани низоми дарёфти иҷозаи фаъолияти соҳибкорӣ шуд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон имрӯз, 25 ноябр аснои барасии қабули тағйирот ба қонун дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ аз вазъу шароити бахши соҳибкорӣ изҳори нигаронӣ намуда, аз вакилон хост, сари ин масъала бештар кор кунанд. Оқои Зуҳуров иброз дошт, бояд коре кард, то одамон барои гирифтани як ҳуҷҷат чанд рӯз саргардон нашаванд: “Ҳатто ҳифзи муҳити зистро гирем, ҳар як иҷозат гирифтан, иҷозати истифодаи махсуси об, иҷозат барои истифодаи объекти олами ҳайвоноту наботот, иҷозат барои воридоту содироти партовҳо барои истифодабарии такрорӣ, умуман даҳҳо иҷозатҳоянд, ки ҳар кадоми онҳо вақти зиёдро мегирад. Мо бояд коре кунем, то одамон барои гирифтани як ҳуҷҷат даҳ рӯзу бист рӯз вақташонро сарф накунанд. Як нафар бояд чандин ҳуҷҷат бигирад, то тавонад расман корро шурӯъ кунад”.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон инчунин ба зарурати сабукии андозҳо таъкид дошт. Ӯ яке аз сабабҳои даст кашидан аз фаъолияти соҳибкориро низоми дарёфти иҷозат ва андозҳо хонд. Вай афзуд, “мо натавонистем андозҳоро сабук кунем, то он дараҷае, ки масалан соҳибкор ҳақиқатан он маблағеро, ки гирифтан мехоҳад, гирифта тавонаду харҷҳояшро пӯшонад, корашро иҷро кунад ва фоида гирад. Дар сурати фоида гирифтан метавонад андоз супорад. Баъди 5 сол вай ба ҷои 10 ҳазори ҳозир, мумкин 500 ҳазор месупорад ба буҷа. Мо бояд ҳамин тарафи масъаларо фикр кунем. Вакилони муҳтарам, мо бояд фикр кунем, пешниҳодҳо кунем, сохторҳое ҳастанд, ки мебахшед, ҳоло ҳам ба ин чиз манфиатдор нестанд”.

Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, шахсе ки масъули ягон соҳа аст, барои мисол, замин, кишоварзӣ, саноат ё сохтмон, то агар давлат ба ӯ масъулят бор накунад, пешравӣ намешавад: “Ӯ бояд ба ҳукумату раиси ҳукумат ҳисобот диҳад, ки чӣ қадар дар соҳааш соҳибкорҳо пайдо шудаанду барои ҷалби соҳибкорҳо чӣ корҳо анҷом дод. То агар шахсони аввал ҷавобгари ташкили соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон набошанд, пешравии ҷиддӣ намешавад”.

Ба қавли раиси Маҷлиси намояндагон, вакилон бояд коре кунанд, то роҳбаронро бо роҳи қонунӣ маҷбур созанд, ки ҷавобгари ташкил кардани соҳибкорӣ, яъне овардани сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ гарданд: “Кадом роҳбаре, ки оянда ҳамин корро карда натавонист, бояд ҷойро холӣ кунад. Чун ки имрӯз тарақиёту рушди зиндагии мардуми мо аз ҳамин вобаста аст, мо дигар он кархонаву заводҳои калонро сохта наметавонем, давлат ҳам қудрат надорад”.

Ҷаноби Зуҳуров гуфт, шахси мансабдоре, ки имрӯз масъули додану надодани иҷозат барои фаъолияти соҳибкорӣ аст, бояд ҳавасманд бошад, ба ҳукумат барояд, талаб кунад, то роҳи соҳибкоронро кушояду онҳоро ҷалб намояд: “Як қисмаш қарз гирифтаанд, ҳоло қарзро наметавонанд дода, гурехта рафтаанд. Хонаҳояшонро рафта гирифта истодаем, ин хел кор бояд набошад, як ҳисобу китоб бояд бошад, шароит бояд муҳайё кунем. Мо бояд сари ин масъала ҷиддӣ машғул шавем”.

Дар ҷаласаи мазкур баъд аз баромади Шукурҷон Зуҳуров вакилони Маҷлиси намояндагон бо қабули тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ 5 намуди иҷозатномаро бекор карданд. Толиббек Бухориев, вакили парлумон зимни муаррифии лоиҳа дар қатори ҳуҷҷатҳои бекоршуда, аз ҷумла шаҳодатномаи тахассуси аудити экологӣ, хулоса барои кушодани роҳҳои муассисавӣ ва хусусӣ барои истифодаи умум, ҳуҷҷати мувофиқакунӣ барои рондани чорво ба воситаи роҳҳои автомобилгард, мувофиқакунӣ барои ченкунӣ ва наворгирӣ зери пулҳо ва дарёҳоро номбар кард.
Мӯҳр
78
Дер карден чанобон бухрони иктисоди кайхост ки пуффас дорад.Дар кадом хисоботи чахони кайд шудааст ки дар ЧТ андозаи андозхо кариби 80%-ро ташкил медихад магар мумкин аст дар чунин шароит фаъолият намудан.

Муаллим
Э фоизи қарзи бонкро намебинед? То 45-48 хестааст. Магар соҳибкор барои киссаи бонкҳо кор мекунад?

Абдуллох
]мухтарам чанобон депутатхо агар нихоми андозбандиву андозситони чунин бошад вой бар холи оянда

мммм
Тамоми сармоягузорон ва сохибкорон аз дасти макомотхои назорати фирор карданд ва доранд чаноби Зухуров. дар рейтенги сохибкори 132. Дар вазнинии андозхо аз байни 189 давлат чойи 172. Дар сатхи коррупсия чойи 157. Ва гайраю ва хоказо. Сармоя ва маблагхо фирор доранд. Як бор назди макомоти андоз, замнсози, гумрук, коррупсия гузар намоед ва аз хонахои онхо дидан намоед. Окибатша ба хайр гардонад.

Эхх Зухуров дар кучо будед то ин вакта ман я корхона ташкил кардам мохе аз 150,000с зиед андоз месупорам хозир давраи навбатии санчиши мачмуаи андоз омадааст бовар кунед хамаи андозхоро супоридагием - ревизор мачбур дорад ки хохи нахохи 100,000 с ба бучет месупори 80,000 с ба мо пора медихи --бовар кунед буги карданмон ба кучо ки наравем намояндагони як минтака бо хамдигар гап рост кардаги ба хулосае омадем ки корхонаамонро махкам карда мачбур ба хорич равем

Панчакенти
Офарин раис, ба фикрам агар дар Точикистон мисли Шукурчон Зухуров ду-се мансабдори ватану миллатдуст ва боинсоф пайдо мекардем, пешрафта мешудем. Афсус,...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)