Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:35

Иди Қурбон дар ҷумҳурӣ 7-уми ноябр таҷлил мегардад, зимнан чор рӯзи истироҳат дар назар аст

25 октябр 2011, 08:03

Дар арафаи ду ид, ки ба аввали моҳи оянда, дақиқтараш ба рӯзҳои 6-ум ва 7-уми ноябр рост меоянд, чанд рӯзи истироҳат пешбинӣ мешавад.


Тавре агентии иттилоотии расмии ҳукумати Тоҷикистон- «Ховар» менависад, дар рӯзҳои таҷлили иди Конститутсия ва иди Қурбон, кормандони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ба истиснои кормандони бахши маориф ва тандурустии кишвар (омӯзгорон ва духтурон) чор рӯз – 5, 6, 7 ва 8 –уми ноябр истироҳат мекунанд. Ба қавли манбаъ, «5-уми ноябр барои муаллимону духтурон рӯзи корист». Дар ин бора, Баҳриддин Набиев, сарнозири ҳуқуқи федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурии Тоҷикистон ба оҷонсии номбурда иттилоъ додааст.

Набиев ҳамчунин гуфтааст, ки соли равон рӯзи қабули Конститутсия 6 ноябр ба рӯзи истироҳат, якшанбе  рост меояд. Аз ин рӯ, дар асоси моддаи 83-и Кодекси меҳнати ҷумҳурии Тоҷикистон агар рӯзи истироҳат ба рӯзи ид рост ояд, он ба рӯзи аввали кории баъди ид гузаронида мешавад. Бино ба қавли ҳуқуқшинос, интизор меравад дар ин масъала ҳукумати кишвар низ қарори дахлдор қабул намояд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!